Ҷустуҷу
-
Jan 11, 2021
Ваксина дар Эрон пешинаи тӯлонӣ дорад ва собиқааш ба беш аз 90 сол пеш бармегардад. дар тамоми ин солҳо ҳамаи мо эрониҳо бо ваксинаҳои сохти Эрон дар муқобили бемориҳои сил, гепатити B, фалаҷи атфол, дифтерия, сиёҳсурфа, кузоз, сурхак, ва паротит эм карда шудаем. Гузориши Отифа Довудиро дар бораи таърихи ваксинасозӣ дар Эронро гӯш кунед:
-
Jan 11, 2021
Мушовири вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз муваффақияти нахустин марҳилаи озмоиши инсонии ваксинаи коронаии муштараки Эрон ва Куба хабар дод.
-
Jan 10, 2021
Сукхангӯи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт, агар таҳримҳо зидди Теҳрон мутаваққиф нашавад, дар гми баъдии иҷроии довталабона протоколи илҳоқӣ мутаваққиф хоҳад шуд.
-
Jan 10, 2021
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо ишора ба густариши вируси ҷаҳишёфтаи англисӣ дар аксари кишварҳои аврупоӣ, ба зарурати тесту қарантинаи ҳамаи мусофирони вурудӣ аз Аврупо таъкид кард.
-
Jan 10, 2021
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбудии ҳудуди як миллиону 75 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар кишвар хабар дод.
-
Jan 10, 2021
Ба гузориши гурӯҳи филм ва савти Бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон, пас аз ҷинояти Амрико дар террори сипаҳбуди шаҳид Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмони эшон дар Ироқ, Эрони соли гузашта пойгоҳи террористҳои Иёлоти муттаҳидаро дарҳам кубид. Акнӯн тасовири ҷадиде аз ин ҳамлаи мушакӣ мунташир шудааст, ки тавассути дурбинҳои дид дар шаб гирифта шудаанд.
-
Jan 09, 2021
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон қатли 11 нафар аз коргарони маъдан дар иёлати Балуҷистони Покистон ба дасти террористҳои ДИИШ-ро маҳкум кард.
-
Jan 09, 2021
Дар 24 соати гузашта 82 нафари дигар аз беморони Ковиди 19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд.
-
Jan 09, 2021
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: “миллати Эрон василаи озмоиши ваксинаҳои хориҷии корона намешавад”.
-
Jan 09, 2021
Яке аз бахшҳои муҳими сиёсати дифоъи Эрон баланд бардоштани қобилияти дифои мушакӣ аст, ки дар баҳси боздоранда аҳамияти стратегӣ дорад.
-
Jan 08, 2021
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Бо фавти 85 бемори дигар аз мубталоён ба корона дар 24 соати гузашта, шумори ҷонбохтагони қатъии ин беморӣ дар Эрон ба 56 ҳазору 18 нафар расид.
-
Jan 08, 2021
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки тасмими маҷлис ва иқдоми давлати Эрон барои коҳиши бахши дигаре аз тааҳҳудоти БарҶом комилан дурусту ақлонӣ аст, гуфтанд: Бидуни рафъи таҳримҳо бозгашти Амрико ба БарҶом ҳатто мумкин аст ба зарари кишвар ҳам бошад.
-
Jan 07, 2021
Сухангӯи Созмони энергетикаи атомии Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳатӣ қодир ба ғанисозии болои 20 дар сад, аз ҷумла 90 дар садии уран аст.
-
Jan 07, 2021
Ҳамкорамон Халилӣ ба баррасии мавзӯи "иқдоми Эрон дар ғанисозии 20 дар садии уран" пардохтааст, ки мешунавед:
-
Jan 07, 2021
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Бо фавти 103 бемори дигар аз мубталоён ба корона, шумори ҷонбохтагони қатъии ин беморӣ дар Эрон ба 55 ҳазору 933 нафар расид.
-
Jan 06, 2021
Омори ҷонбохтагони вируси корона дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон ба 82 тан коҳиш ёфт, ки ин рақам дар ҳафт моҳи ахир камтарин шумори маргумирҳои иборат аз ибтило ба Ковид -19 дар ин кишвар аст.
-
Jan 06, 2021
Вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар паёме ба вазирони дифои 60 кишвари ҷаҳон, бо ишора ба собиқаи дахолати мустақими хадамоти иттилоотии бегона дар террори донишмандони эронӣ таъкид кард: Бидуни тардид муборизаи ҷаҳонӣ бо тероризм ниёзманди канор гузоштани рафторҳои дугона аст.
-
Jan 06, 2021
Раиси ҷумҳурии Эрон бо ишора ба оғози раёсати ҷумҳурии Ҷо Байден дар Амрико дар ояндаи наздик гуфт, дар сурате ки Амрико ба ҳамаи тааҳҳудоташ амал кунад, Эрон низ ба ҳамаи тааҳҳудоти худ амал хоҳад кард.
-
Jan 05, 2021
Сухангӯи қувваи қазоии Эрон аз таҳвили номи 48 нафар аз афроде, ки дар террори Шаҳид Сулаймонӣ нақш доштаанд, аз ҷумла раиси ҷумҳурии Амрико, ба Интерпол супурда шуданд ва дархости огоҳиномаи сурх барои онҳо хабар дод.
-
Jan 05, 2021
Пас аз 200 рӯз теъдоди ҷонбохтагон аз бемории Ковид-19 Дар Эрон ба зери 100 нафар дар рӯз расид.