Ҷустуҷу
-
Mar 31, 2019
Душанбе, 25-уми раҷаби соли 1440-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо якуми апрели соли 2019-и милодӣ солрӯзи шаҳодати Имом Мӯсо Козим (а), аз наберагони Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.
-
Mar 31, 2019
Рӯзномаи англисии “Гардиан” аз дастёбӣ ба гузориши маҳрамонае дар мавриди вазъияти ваҳшатноки шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ дар Арабистони Саудӣ хабар дод.
-
Mar 30, 2019
Вазири хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иқдоми ғайриқонунии раисҷумҳури Амрико дар бораи Ҷавлони ишғолии Сурия, ба аъроб ҳушдор дод, ҳар қадар ҳам ибрози сарсупурдагӣ кунанд ҳам, Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳамчунон сарзаминҳои ононро ғасб хоҳанд кард.
-
Mar 30, 2019
Коршиноси умури энержӣ муътақид аст, далели аслии маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон коҳиши захоири оби садди нерӯгоҳи обии “Норак” ва фаъол набудани ниме аз турбинаҳои ин нерӯгоҳ аст.
-
Mar 29, 2019
Мақомоти Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон аз бознигарӣ дар тасмими ин ниҳод барои афзоиш нархи Интернет хабар додаанд.
-
Mar 29, 2019
Раисиҷумҳури Эрон рӯзи ҷумъа бо болгард аз вазъияти селоб ва манотиқи селзадаи устони Хузистон дидан кард.
-
Mar 29, 2019
Бозигари машҳури сурӣ Дурайд Лаҳҳом ба тасмими раисиҷумҳури Амрико дар бораи баландиҳои Ҷавлони Сурия, ба равиши худи Трамп ба ӯ посух дод.
-
Mar 28, 2019
Вазири умури хориҷаи Амрико ба кишварҳое монанди Италия, ки мехоҳанд ба ҷодаи абрешими ҷадид бипайванданд, ҳушдор дод, ки ҳазинаи сиёсии пайвастан ба ин ҷода аз мазоёи иқтисодии он ба маротиб бештар аст.
-
Mar 28, 2019
Кумитаи давлатии дин ва танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон боздошти ду корманди Донишкадаи исломии ин кишвар ба иттиҳоми дарёфти ришваро таъйид кард.
-
Mar 28, 2019
Бар асари суқути як болгарди низомии Қазоқистон дар вилояти Қизилордаи ин кишвар ҳамаи 13 сарнишини он кушта шуданд.
-
Mar 28, 2019
Манобеи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кард, Кабир Кабиров, писари молики бозори Султони Кабири шаҳри Душанбе, ки ба иллати тасодуфи ронандагӣ боиси кушта шудани ду сарнишини мошинаш ва захмӣ шудани ду нафари дигар шудааст, аз бемористон ба боздоштгоҳи муваққат мунтақил ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ташкил шуд.
-
Mar 28, 2019
Бо иҷрои тарҳи ду марҳилаии бозсозии нерӯгоҳи обии Қайроққум, дар шимоли Тоҷикистон, зарфияти тавлидии барқи ин нерӯгоҳ 35 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
-
Mar 27, 2019
Созмони байналмилалии паноҳҷӯён вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид гузориш дод, ки аз ибтидои соли 2019 токунун, беш аз 88 ҳазору 516 шаҳрванди Афғонистон, ки дар Эрон зиндагӣ мекарданд ба кишварашон бозгаштаанд.
-
Mar 27, 2019
Бонки Тавсеа ва Бозсозии Аврупо барои ҳимоят аз тоҷирони ӯзбакистонӣ, ба ин кишвар 20 миллион доллар вом ихтисос медиҳад.
-
Mar 27, 2019
Бориши барф дар нахустин рӯзҳои баҳор дар Арок, воқеъ дар маркази Эрон.
-
Mar 26, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, тасмими раиси ҷумҳурии Амрико дар бахшидани якҷонбаи минтақаи ишғолии Ҷавлон ба саҳюнистҳои ғосибро истеъморӣ унвон кард.
-
Mar 26, 2019
Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди таъмини энержии рустоҳои Тоҷикистон, ки дар масири сохти хати Каса - 1000 воқеъ шудаанд, 24 миллион доллар кумак мекунад.
-
Mar 26, 2019
Мақомоти қазоии Украина яке аз мухолифони тоҷикистониро, ки ба дархости Душанбе боздошт шуда буд, пас аз ҳудуди 4 моҳ озод кардаанд.
-
Mar 25, 2019
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кард, алайҳи Кабир Кабиров, писари молик ва роҳбари бозори "Султони Кабир” бар асоси қисми сеюми моддаи 212-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду нафар шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.