Ҷустуҷу
-
Mar 11, 2018
Конгираи халқи Чин имрӯз якшанбе дар як овозгирӣ маҳдудияти давраи раёсат ҷумҳурӣ ва муовинати раёсат ҷумҳуриро гирифт ва ба ин тартиб раиси ҷумҳури кунунӣ метавонад модомулъумр дар ин мансаб боқӣ бимонад.
-
Mar 07, 2018
Як маркази таҳқиқоти амрикоӣ дар бораи мизони қарзи хориҷии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба вижа Чин изҳори нигаронӣ кард.
-
Mar 03, 2018
Сухангӯи ширкати алюминиюми Тоҷикистон эълом кард, музокироти мақомоти ин кишвар ва Чин барои сохти корхонаи алюминиюми ҷадид вориди марҳалаи ниҳоӣ шудааст.
-
Feb 24, 2018
Беш аз як севум аз кумакҳои дарёфтии Тоҷикистон дар соли гузаштаи мелодӣ аз сӯйи Чин сурат гирифтааст.
-
Feb 22, 2018
Бузургтарин тарҳи интиқоли оби ҷаҳон аз ҷануб ба шимоли Чин, ки бо такмили он дар соли 2050, 435 миллион нафар аз оби солим баҳраманд хоҳанд шуд.
-
Feb 19, 2018
Вакили собиқи Думаи давлатӣ ва мудири Маркази таҳқиқоти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Русия муддаӣ шуд, Чин ба марҳилаи дувуми тавсеаталабиаш дар Осиёи Марказӣ расида ва “оҳиста - оҳиста” Тоҷикистонро фурӯ мебарад.
-
Feb 07, 2018
Нахустин таксии ҳавоии бидуни сарнишини ҷаҳон дар шаҳри Гванҷо дар вилояти Гувандонги Чин парвози умумии худро сабт кард.
-
Feb 03, 2018
Муовини раиси Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо радди иддаои бархе расонаҳо дар бораи султаи иқтисодии Чин бар Тоҷикистон, ин навъи нигаришро беасос унвон кард.
-
Feb 01, 2018
Чин бо доштани беш аз 910 миллион корбари Интернет, дар садри кишварҳои истифодакунанда аз шабакаи ҷаҳонӣ қарор дорад, ки беш аз ҷамъияти кулли Аврупо аст.
-
Jan 31, 2018
Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз оғози сохти бахши тоҷикии хати лулаи гази Туркманистон-Чин хабар дод.
-
Jan 27, 2018
“Деҳкадаи Порсиён”, воқеъ дар Ёнг Ҷу, аз устонҳои шарқии Чин аст, ки сокинони он пайванде дарунӣ ва амиқ бо эрониён доранд.
-
Jan 21, 2018
Нишасти сеҷонибаи Узбакистон, Қирғизистон ва Чин дар мавриди иртибототи заминии байналмилалӣ дар Тошканд 24 то 25 январи соли равон баргузор мешавад.
-
Jan 21, 2018
Коршиноси маркази пажӯҳиши масоили Афғонистон дар Русия мӯътақид аст, ки Чин бо сохти пойгоҳи низомӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳамкориҳои худро бо Кобул ва Душанбе дар заминаи мубориза бо терроризм, тақвият мекунад.
-
Jan 18, 2018
Тоҷикистон аз мушорикати густурдаи Чин дар иҷрои проектҳои иқтисодии ин кишвар истиқбол мекунад.
-
Jan 14, 2018
Ҳайати Қирғизистон, Узбакистон ва Чин дар бораи сохти роҳи оҳани муштарак байни ин кишварҳо ба тавофуқ расиданд.
-
Jan 11, 2018
Сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон аз пойгоҳсозии Чин, барои артиши Афғонистон дар марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дод.
-
Jan 08, 2018
Дар ҳазор километрии ҷануби Пекин дар ҳумаи шаҳри Янчжоу, рустое вуҷуд дорад, ки беш аз 600 сол аст, рангу буи порсӣ дорад ва ба номи “Бусӣ ҷавон” ё деҳкадаи порсӣ маъруф аст.
-
Jan 07, 2018
Ин видео тасовиреро аз бузургтарин ҷашнвораи яхии ҷаҳон дар Чин нишон медиҳад.
-
Jan 07, 2018
Як нафткаши Ширкати миллии нафткашии Эрон имрӯз (якшанбе) дар масири Кореяи Ҷанубӣ бар асари бархурд бо як киштии борӣ мунфаҷир шуд, ки дар ин ҳодиса 30 эронӣ нопадид шуданд.
-
Jan 06, 2018
Чин дар соли гузаштаи милодӣ аз тариқи хатти лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ-Чин», 38.7 миллиард метри мукааб гази кишварҳои Осиёи Марказиро харидорӣ кардааст.