Ҷустуҷу
-
Jan 03, 2018
Баъди соли 2001 ва суқути Толибон дар Афғонистон, Чин ба таври оҳиста нуфузи иқтисодии худро дар Афғонистон густариш додааст, аммо акнун идома ёфтани нооромиҳо дар Афғонистон, сармоягузориҳои Чинро бо хатар рӯ ба рӯ кардааст. Аз ин рӯ, Пекин дар талош аст, то дар барқарории суботу амният дар Афғонистон нақши ҷиддитаре бозӣ кунад.
-
Jan 01, 2018
Ҳарбин, маркази устони Ҳейлонг Чианг дар Чин, ҳар сола бо оғози соли нав барои ҷашнвораи байналмилалии муҷассамаҳои яхӣ ва барфӣ омода мешавад.
-
Dec 29, 2017
Мақомҳои гумрукии Тоҷикистону Чин дар ҷараёни нишасти коргурӯҳи масоили гумрукӣ дар Кошғар тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаи табодули иттилооти гумрукӣ ба имзо расонданд.
-
Dec 29, 2017
Маркази арзаи маҳсулоти фарҳангию ҳунарии Эрон бо ҳадафи ошно кардани мардуми Чин бо фарҳанги Эрон дар Пекин кушоиш ёфтааст.
-
Dec 29, 2017
Вазири дифои Чин дар дидор бо ҳамтои афғони худ аз омодагии ин кишвар барои ҳамкорӣ бо Афғонистон дар мубориза бо терроризм ва афзоиши равобити низомии ду кишвар хабар дод.
-
Dec 19, 2017
Як додгоҳи маҳаллӣ дар шимолу шарқи Чин яке аз сокинони ин минтақаро ба ҷурми тавҳин ба дини Ислом ва мусалмонон ба дуюним соли ҳабс маҳкум кард.
-
Dec 18, 2017
Тоҷирони тоҷик аз Чин лӯхтакҳое ворид мекунанд, ки либоси миллии тоҷикӣ доранд.
-
Dec 04, 2017
Се донишҷӯи эронии Донишгоҳи Пекин, нахустин бор дар торихи ин донишгоҳ ба таври ҳамзамон ҳоизи унвони донишҷӯёни мумтози ин маркази илмии муътабар шуданд.
-
Nov 22, 2017
Сухангӯи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” эълом кард, парвози ҷадид миёни Тоҷикистон ва Чин аз 21 декабр роҳандозӣ хоҳад шуд.
-
Oct 31, 2017
Ҳамзамон бо боло гирифтани танишҳо миёни Пекин ва Сеул бар сари истиқрори сомонаи мушакии ТААД-и Амрико дар хоки Кореяи Ҷанубӣ мусофирону сайёҳони чинӣ аз вуруд ба ин кишвар худдорӣ мекунанд. Ними аз сайёҳҳоне, ки вориди Кореяи Ҷанубӣ мешаванд, чинӣ ҳастанд.
-
Oct 26, 2017
Раҳбари Кореяи Шимолӣ интихоби дубораи раисҷумҳури Чинро ба дабири куллии Кумитаи марказии ҳизби коммунисти ин кишвар табрик гуфт.
-
Oct 19, 2017
Чин дар солҳои ахир донишгоҳҳои махсуси шаҳрвандони солманд таъсис карда, ки ҷойгоҳи вижае дар миёни ин қишр пайдо кардааст.
-
Oct 16, 2017
Чин тарҳи сохти як донишгоҳи нави байналмилалиро барои 40 ҳазор донишҷӯ дар Тоҷикистон ба ҳукумати ин кишвар ироа кардааст.
-
Oct 15, 2017
Чин тасмим дорад, дар соли равон барои сохти шоҳроҳҳо дар марзи худ бо вилоятҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, 25 миллиард доллар ҳазина кунад.
-
Oct 10, 2017
Дар панҷ соли гузашта беш аз як миллиону 300 ҳазор мақому масъули фосид дар Чин шиносоӣ ва боздошт шудаанд.
-
Oct 08, 2017
Давлати Чин ваъда додааст, ки ба Тоҷикистон барои таҳкими марзи ин кишвар бо Афғонистон кумак хоҳад кард.
-
Oct 03, 2017
Мақомоти Остона ва Пекин дар заминаи содироти 5 миллиард метри муккааб гази табиӣ ба Чин дар як сол ба тавофуқ расиданд.
-
Sep 28, 2017
Чин аз омодагии худ барои омӯзиши беш аз 100 корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ хабар дод.
-
Sep 26, 2017
Масъулони донишгоҳҳои устони Шин Ҷон-Уйғури Чин ба донишҷӯёни хориҷии мусулмон аз ҷумла тоҷикҳо ҳушдор доданд, дар сурати намоз хондан ё ибодат дар хобгоҳҳо, ононро бидуни гуфтугӯ аз ин кишвар ихроҷ хоҳанд кард.
-
Sep 23, 2017
Тозатарин оморҳо нишон медиҳад, ки Чин ба бонуфузтарин ва пешравтарин кишвари ҷаҳон ба лиҳози тавсеаи шабакаи ҷаҳонии интернет табдил шудааст. Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ширкатҳои бузурги Чин дар ҳоли ироаи бештарин хадамоти интерентӣ дар дунё ҳастанд ва теъдоди корбарони телефонҳои ҳамроҳ дар он аз марзи 710 миллион нафар фаротар рафтааст.