Ҷустуҷу
-
Aug 01, 2024
Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон бар зарурати баргузории нишасти изтирории Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ барои маҳкум кардани террори шаҳид Исмоил Ҳания ва муқовимат бо таҷовузи террористии режими ҷаълии саҳюнистӣ таъкид кард.
-
Aug 01, 2024
Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи шаҳодати раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) се рӯз азои умумӣ эълом кард.
-
Jul 31, 2024
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба террори раиси дафтари сиёсии Ҳамос таъкид кард, ки Эрон ишғолгарони террористро аз иқдоми буздилонаи худ пушаймон хоҳад кард.
-
Jul 31, 2024
Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба як бинои истиқоматӣ дар Бейрутро маҳкум кард.
-
Jul 30, 2024
Мудири ҳавзаҳои илмияи саросари Эрон бо маҳкӯмияти иҳонат ба ҳазрати Исо (а) дар ифтитоҳияи Бозиҳои олимпии Порис, ҳамаи муваҳҳидони ҷаҳонро ба таъсиси ҷабҳаи воҳиди имонӣ ва тавҳидӣ ва муқобила бо ин иҳонатҳо фаро хонд.
-
Jul 30, 2024
Тими миллии волейболи ҷавонони Эрон бо пирӯзӣ муқобили Индонезия ба финали қаҳрамонии Осиё сууд кард.
-
Jul 29, 2024
Порс тудей - Маркази мудирияти ҳавзаҳои илмияи Эрон дар баёнияе эълом кард: Иқдоми давлати Олмон дар таътилии масҷиду Маркази исломии Ҳамбург, бар асоси тарҳи саҳюнистӣ ва нажодпарастонаи сӯрат пазируфтааст.
-
Ривояти ширкаткунандагони хориҷӣ аз олимпиадаи физикаи Исфаҳон - таҳсини фарҳангу тавонмандиҳои Эрон
Jul 29, 2024Порс –тудей. Панҷоҳучаҳорумин олимпиадаи ҷаҳонии физика (IPhO2024) рӯзи якшанбе бо баргузории маросими ихтитомия дар Донишгоҳи санъатии Исфаҳон ба поён расид.
-
Jul 28, 2024
Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, давлати Олмон бояд омодаи пазириши паёмадҳои иқдоми исломситезона дар таътилии марказҳои исломӣ бошад.
-
Jul 28, 2024
Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон бар иродаи мутақобили раҳбарон ва давлатҳои Эрон ва Чин барои пешбурди ҳамкориҳо таъкид кард.
-
Jul 28, 2024
Таэквондокорони Эрон дар рӯзи нахусти рақобатҳои ҷаҳонии Ҳонмодонги Кореяи ҷанубӣ 12 тило, 5 нуқра ва чаҳор бринҷӣ ба даст оварданд.
-
Jul 28, 2024
Раиси Муассисаи истинодӣ ва поиши илм ва фановарии ҷаҳони Ислом гуфт, Эрон дар тавлидоти ҳавзаи фановарии об рутбаи нахустро байни кишварҳои пешрави исломӣ ба худ ихтисос додааст.
-
Jul 28, 2024
Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон маросими таҳлиф(савгандёд)ро рӯйдоди мондагор ва асаргузори Ҷумҳурии исломӣ дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ унвон кард.
-
Jul 27, 2024
Мубодилоти тиҷории Эрон бо 15 кишвари ҳамсоя дар 4 моҳаи ибтидои имсол ба ҳудуди 20 миллиард доллар расид, ки дар муқоиса бо соли гузашта аз назари арзиш ба мизони 6 дарсад рушд доштааст.
-
Jul 27, 2024
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, иттиҳомҳои вазири режими кӯдаккуши Исроил зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи олимпии 2024 Париж, талоши мазбуҳона барои мунҳариф кардани афкори умумии ҷаҳон аз наслкушии ин режим дар Ғазза аст.
-
Jul 25, 2024
Порс тудей - Сухангӯи Комиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон аз рушди 4 баробарии содироти саноати дифои кишвар дар 3 соли гузашта хабар дод.
-
Jul 24, 2024
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии исломии Эрон аз вуруди ҳудуди 14 миллион гардишгар ба Эрон хабар дод.
-
Jul 24, 2024
Намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти муқаддамотии иҷлоси Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси таъмини манобеи молӣ барои тавсеа дар Эфиопия, ислоҳи ниҳодҳои моливу пулии байналмилалиро хостор шуд.
-
Jul 24, 2024
Муовини вазири хориҷаи Русия аз фароҳам шудани тавофуқномаи ҳамкории ҷомеъ байни Маскаву Теҳрон барои имзо хабар дод.
-
Jul 23, 2024
Эрон дар садри мизони пардохти подош ба қаҳрамонони олимпии 2024 қарор гирифт.