Ҷустуҷу
-
Dec 18, 2016
Устоди мактаби Олии иқтисоди Русия муътақид аст, ки далоили умдаи истиқбол аз коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар ин кишвар, дурӣ аз хӯрдани нӯшокиҳои спиртӣ, масъулиятпазирӣ, ҷиддӣ будан дар кор ва қонеъ будани ин афрод мебошад.
-
Dec 03, 2016
Коршиносону намояндагони узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳамоише дар Душанбе нақши ин созмонро дар ҳифзи суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд.
-
Dec 01, 2016
Даргузашти Ислом Каримов ва тағйири сиёсат дар Узбакистон уфуқи тозаеро пешорӯи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли ихтилофот бар сари об боз кардааст.
-
Nov 28, 2016
Даҳумин намоишгоҳи фарҳангии либосҳои миллии мардумони Осиёи Марказӣ мавсум ба “Диёри ҳусн”, дар шаҳри Душанбе поён ёфт.
-
Nov 24, 2016
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бори дигар ба эҳтимоли вуқӯи ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистон таъкид кард ва аз шаҳрвандони худ дар ин кишвар хост, то зимни ҳузур дар ҷойҳои серодам ва сафар ба манотиқи дурдаст аз эҳтиёт кор бигиранд.
-
Nov 22, 2016
Созмони ғизо ва кишоварзии ҷаҳонӣ (ФАО) дар гузорише мавзӯи амнияти ғизоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ кардааст.
-
Nov 20, 2016
Вазири умури динӣ ва ҷомеаи мадании Қазоқистон ба чораандешӣ барои истифода аз абзорҳои қонунӣ баҳри мамнуияти фаъолияти гурӯҳҳои ифротии ваҳҳобӣ ва салафӣ дар ин кишвар таъкид кард.
-
Nov 13, 2016
Кормандони Хадамоти амнияти федералии Русия, рӯзи 12 ноябри соли ҷорӣ дар ду шаҳри бузурги Маскав ва Санкт-Петербург, 10 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказиро ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт кардаанд.
-
Nov 12, 2016
Намояндаи вижаи Иттиҳоди Урупо дар умури Осиёи Марказӣ теъдоди ҷангҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказиро дар манотиқи ноороми Ховари Миёна се ҳазор нафар эълом кард.
-
Nov 05, 2016
Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, нуфузи террористҳо дар Осиёи Марказӣ нигаронкунанда нест, зеро давлатмардони кишварҳои минтақа дар баробари ҳар гуна иқдоми ин гурӯҳҳо барномаҳои хоссе маддиназар доранд.
-
Oct 27, 2016
Марги Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбакистон фазои нави сиёсиро дар минтақа падид овардааст.
-
Oct 26, 2016
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия дар хусуси нуфузи террористҳо дар Осиёи Марказӣ ҳушдор дод.
-
Oct 25, 2016
Яке аз раҳбарони динии Қирғизистон дар мавриди паёмадҳои интишори густардаи афкори ифротии ваҳҳобият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дод.
-
Oct 23, 2016
Чанде пеш яке аз мақомоти Афғонистон эълом кард, ки гурӯҳҳое ба думболи интиқоли 7 ҳазор террористи ДИИШ ба Афғонистон ҳастанд, ки ин мавзӯъ мавҷе аз нигарониро барои мақомоти Осиёи Марказиву Русия ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон эҷод кардааст.
-
Oct 23, 2016
Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ бар ин бовар аст, ки Ғарб бо мавзӯи демократия дар ин минтақа, бозӣ мекунад.
-
Oct 19, 2016
Сафири Эрон дар Маскав гуфт, Эрон ва Русия дар таҳкими сулҳу амният дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз нақши таъсиргузоре доранд.
-
Oct 17, 2016
Коршиносони умури иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мизи гирде мавонеи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ин минтақаро баррасӣ карданд.
-
Oct 08, 2016
Сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ҳамлаи мусаллаҳонаро ба Кундуз «Ансоруллоҳ» ва Ҳаракати исломии Узбакистон раҳбарӣ мекунанд.
-
Oct 05, 2016
Коршиноси масоили сиёсии Афғонистон гуфт: Даргириҳои ахири Қундуз роҳбурди ҷадиди Амрико барои интиқоли ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон ва Узбакистон аст.
-
Oct 03, 2016
Ҳушдорҳои мақомоти Русия дар мавриди наздик шудани гурӯҳҳои террористӣ ва афзоиш таҳаррукоти онон дар минтақа Осиёи Марказӣ, аз ду сол пеш идома доштааст, аммо бо нуфузи бештари гурӯҳи Толибон ва ДИИШ дар Афғонистон ба нигаронии коршиносон ва мақомоти Русия афзудааст.