Ҷустуҷу
-
Dec 09, 2020
Бо шиносоии 40 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 551 нафар расид.
-
Dec 09, 2020
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса, ки ахиран даргири таноқузҳои ҳуқуқи башарӣ дар кишвари худ ва саркӯби мухолифон ба сиёсатҳои давлати хеш аст, аз боздоштҳои худсаронаи рӯзноманигорон, веблогнависон, мудофеони ҳуқуқи башарӣ ва дигар муборизон дар Миср ибрози таассуф кардааст.
-
Dec 09, 2020
Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон тарҳи ҳамкорӣ барои соли 2021 - ро баррасӣ карданд.
-
Dec 09, 2020
Маошу дастмуздҳои батаъхирафтода дар Тоҷикистон дар 11 моҳи гузашта ба беш аз 74 миллион сомонӣ расидаву 41 миллиону 400 ҳазор сомонӣ (наздик ба 3 миллиону 600 ҳазор доллар) афзоиш ёфтааст.
-
Dec 09, 2020
Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон гузориши ахири Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи нақзи ҳуқуқи динӣ ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистонро ғайривоқеӣ, такрорӣ ва беасос хонд.
-
Dec 09, 2020
Маҷмӯаи достонии “Боғи шафтолу”, асари Шоҳмансури Шоҳмирзо, адиби тоҷик, ки порсол дар Теҳрон ба чоп расид, дар интишороти “Адиб” –и шаҳри Душанбе бо шуморагони 500 нусха ва дар 164 сафҳа мунташир шуд.
-
Dec 09, 2020
295 нафар дар 24 соати гузашта дар Эрон бар асари ибтило ба бемории Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд.
-
Dec 09, 2020
Дар нооромиҳои остони курднишини Сулаймонияи Ироқ мӯътаризон сохтмони фармондории ин минтақаро оташ заданд ба тавре, ки фармондор ночор шуд аз роҳи пушти бом фирор кунад.
-
Dec 09, 2020
Якчанд пирамард ва пиразан, ки бори дигар чеҳраи ҷавони худро бо кӯмаки як барномаи мобилӣ мушоҳида карданд, вокунишҳои ҷолибе ба он нишон медиҳанд.
-
Dec 08, 2020
Бо шиносоии 42 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 511 нафар расид.
-
Dec 08, 2020
Пизишки эронитабори амрикоӣ ва корманди воломақоми пажӯҳишгоҳи беҳдошт ва дармони ин кишвар, кӯҳистонӣ будани Тоҷикистонро яке аз омилҳои аслии камтар ба Ковид - 19 мубтало шудани тоҷикҳо унвон кард.
-
Dec 08, 2020
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 323 нафари дигар бар асари корона дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.
-
Dec 08, 2020
Нерӯгоҳҳои барқи обии хурди Тоҷикистон дар 10 моҳи охир дар маҷмӯъ 13 миллиону 800 ҳазор киловатт соат нерӯи барқ тавлид карданд, ки камтар аз як дарсад аз тавлиди кулли нерӯи барқи кишвар аст.
-
Dec 08, 2020
Вазорати хориҷаи Амрико боз ҳам Тоҷикистонро ба рӯйхати поймолкунандагони ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ қарор дод.
-
Dec 08, 2020
Созмони миллии фазоии Чин(CNSA) рӯзи 6 декабр аз партоби муваффақиятомези як моҳвораи ҷадиди расади заминӣ хабар дод. Чанд рӯз қаблтар ҳам чиниҳо бо партоби фазопаймои бидуни сарнишини «Chang-5» парчами худро рӯи кураи моҳ насб карда буданд. Ковушгари «Chang-5», яке аз печидатарин ва чолишбарангезтарин маъмуриятҳои таърихи ҳаво-фазоии Чин ҳамчунин аввалин маъмурияти намунаи моҳ дар ҷаҳон тайи беш аз 40 сол аст.
-
Dec 08, 2020
Ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард: дар ҷанги ахири Қорабоғ 4,8 миллиард доллар ба таҷҳизоти артиши Арманистон хисорат ворид шудааст.
-
Dec 08, 2020
Турки Файсал, раҳбари пешини хадамоти ҷосусии Арабистони Саудӣ, дар бораи амалҳои ғайриинсонии режими саҳюнистӣ дар солҳои охир суханронӣ кард ва бо ишора ба даъвои бардурӯғи дӯстии саҳюнистӣ бо Арабистони Саудӣ аз ишғоли заминҳои Фаластин шадидан интиқод кард.
-
Dec 08, 2020
Як духтари навҷавони англис, ки хонаводааш солҳо дар саросари Англия дар ҷустуҷӯи ӯ буданд пас аз 6 сол дар лагери арусҳои ДИИШ дар Сурия пайдо шуд.
-
Dec 08, 2020
Тақрибан нисфи аҳолии Афғонистон дар зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд.