Ҷустуҷу
-
Feb 16, 2020
Ҷунбиши Муқовимати исломии Нуҷабо бо интишори санади ихтисосӣ аз таҳарукоти амрикоиҳо дар Ироқ эълом кард, ки шумориши маъкус барои иҷрои амалиёти талофиҷӯёна дар баробари шаҳодати Абумаҳдӣ Алмуҳандис оғоз шудааст.
-
Feb 16, 2020
Дафтар матбуотии раёсат ҷумҳурии Афғонистон дар баёнияе таъкид кард, бар асоси тавофуқи сулҳ миёни Толибон ва Амрико, ин гуруҳ ҳозир шудааст ба ҷангу ҳамлаҳо дар ин кишвар поён диҳад.
-
Feb 16, 2020
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, кишварҳои минтақа бояд бидонанд, ки Амрико ва Исроил наметавонанд барои Ғарби Осиё амният биёваранд.
-
Feb 15, 2020
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо ишора ба ҳузури миллати муқовими Эрон дар роҳпаймоии 22 баҳман (11 феврал) ва ҳамчунин маросими видои пайкари сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи шаҳиди нерӯи қудси Сипоҳи посдорон таъкид кард, тобоварии миллати Эрон дар баробари фишорҳои ғули ваҳшии Амрико, нозирони ҷаҳониро ба ҳайрат водоштааст.
-
Feb 15, 2020
Мавзӯоти тавсеаи равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Фаронса дар Душанбе баррасӣ шуд.
-
Feb 15, 2020
Телевизиони РашаТудэй-и Русия тасовире аз раванди тадриҷии ях бастани кӯли Байкал мунташир кард.
-
Feb 15, 2020
Имрӯз меҳвари Муқовимат фақат Эрон нест, балки доманаи меҳвари муқовимат аз баҳри Сурх то баҳри Миёназамин ва аз Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман то Ҳизбуллоҳи Лубнон имтидод дорад.
-
Feb 15, 2020
Вазири дороии Тоҷикистон гуфт ; Мақомоти кишвар хостори доштани равобити иқтисодӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон шуд.
-
Feb 15, 2020
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Feb 15, 2020
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.
-
Feb 14, 2020
Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, ҳамаи кишварҳои исломӣ ва меҳвари муқовимат бояд барои ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа муттаҳид шаванд.
-
Feb 14, 2020
Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико дар вокуниш ба тасвиби қатъномаи маҳдудкунандаи ихтиёроти ҷангии раисҷумҳури ин кишвар дар бораи Эрон, баёнияе мунташир кард.
-
Feb 14, 2020
Хатиби намози ҷумъа Теҳрон тарҳи “Муомилаи қарн”-ро як ифтизоҳ ва расвоӣ барои раисҷумҳури Амрико донист.
-
Feb 14, 2020
Маросими чиҳилумин рӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ҳамразмонаш бо ҳузури мақомот ва мардуми Эрон шомгоҳи панҷшанбе дар Теҳрон баргузор шуд.
-
Feb 13, 2020
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз бархурди идороти давлатӣ ва монеаҳо бар сари онҳо барои рушди бахши хусусӣ интиқод кард ва хостори додани имтиёзи бештар ба фаъолони ин бахш шуд.
-
Feb 13, 2020
Маросими гиромидошти чиҳилумин рӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нирӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ имрӯз (панҷшанбе) бо ҳузури густурдаи ақшори мухталифи мардум дар саросари Эрон баргузор шуд.
-
Feb 13, 2020
Мушовири аршади раисиҷумҳури Русия гуфт, ҳамаи мо аз шаҳодати генерал Қосими Сулаймониӣ мутаассир шудем, аммо бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ҳеҷ шахсе тирози инсонӣ ва низомияш дар ҳадди генерал Сулаймонӣ нест, ки битавон аз ӯ интиқом гирифт.
-
Feb 13, 2020
Раиси Ситоди интихоботи кишвар аз рақобати беш аз 7 ҳазор нафар барои вуруд ба Маҷлиси Шӯрои Исломӣ хабар дод.
-
Feb 13, 2020
Муовини басиҷи мардумии Ироқ гуфт, баҳои хуни сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш, нобудии Исроил ва ихроҷи Амрико аз минтақаи ғарби Осиё аст.
-
Feb 13, 2020
Сафири Тоҷикистон дар Кувейт дар ёздаҳумин Иҷлоси шабакаи байни исломӣ барои мудирияти манобеъи об ширкат кард.