Ҷустуҷу
-
Apr 30, 2017
Бархе аз маводи ғизоӣ, ки рӯзона онҳоро истеъмол мекунем барои дандонҳо бисёр зараровар ҳастанд ва умри дандонҳоро кутоҳ мекунанд.
-
Apr 29, 2017
Неруҳои пулиси Русия дар остонаи тазоҳуроти мухолифони номзадии Владимир Путин дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, дар Маскав ба ҳоли омодабош даромаданд.
-
Apr 29, 2017
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, шарикони тиҷорӣ, бонкӣ ва пулии Эрон бояд ин воқеиятро бипазиранд, ки Эрон амнтарин кишвар барои ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа аст.
-
Apr 29, 2017
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар сукути давлатҳои Британия ва Амрикоро дар баробари нақзи ҳуқуқи башар дар Баҳрайн шармовар донист.
-
Apr 29, 2017
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бар амалӣ шудани тарҳи тафоҳумномаи интиқоли нерӯи кор ба Кореяи ҷанубӣ ва Қатар таъкид кард.
-
Apr 29, 2017
Ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистон ва Русия масоили мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишварро ҳаллу фасл карданд.
-
Apr 28, 2017
Толибони Афғонистон бо интишори баёнияе аз оғози ҳамалоти баҳории худ хабар дод.
-
Apr 27, 2017
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар паёме ба шашумин Конфронси амнияти байналмилали Маскав тасреҳ кард, ки мубориза бо терроризм дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо, ниёзманди як рӯйкарди мунсаҷим аст. Шашумин Нишасти амнияти байналмилалии Маскав, бо ширкати ҳайъатҳое аз ҳудуди 80 кишвари ҷаҳон рӯзи чаҳоршанбе дар Маскав, пойтахти Русия оғоз ба кор кард.
-
Apr 27, 2017
Низомиёни аршади амрикоӣ муътақиданд, таҳдидҳои Пхенянро бояд ҷиддӣ гирифт.
-
Apr 27, 2017
Бонки миллии Тоҷикистон мегуяд, ки дар 12 моҳи ахир сатҳи таваррум дар ин кишвар ба 7.3 дар сад баробар шудаст, ки он дар қиёс ба давраи мушобеҳи соли гузашта 1.4 дар сад зиёд аст.
-
Apr 27, 2017
Режими саҳюнистӣ таъйид кард, ҳамлаи бомдоди рӯзи панҷшанбе ба фурудгоҳи байналмилалии Димишқ, кори ин режим будааст.
-
Apr 27, 2017
Чин истифода аз номҳои исломиро барои навзодон дар минтақаи Синзян мамнуъ кард.
-
Apr 27, 2017
Устоди улуми сиёсии Донишгоҳи иқтисоди вобаста ба давлати Русия муътақид аст, танҳо роҳи поён додан ба танишҳо ва ихтилофот миёни коргарони муҳоҷири хориҷӣ ва мардуми бумии ин кишвар, барқарории эътимод ва эҳтироми мутақобил аст.
-
Apr 27, 2017
Бо гузашти ду рӯз аз оғози даври тозае аз музокироти мақомоти вазоратхонаҳои ҳамлу нақли Русия ва Тоҷикистон барои поён додан ба ихтилофоти парвозии ахир миён ин ду кишвар дар Маскав, ҳанӯз тавофуқе ба даст наомадааст.
-
Apr 26, 2017
Иттиҳоди Аврупо тазмини иҷрои комил ва муассири барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро хостор шуд.
-
Apr 26, 2017
Палатаи поёнии парлумони Қазоқистон аз оғози барраси тағйиру ислоҳот дар Қонуни асосии ин кишвар хабар дод.
-
Apr 26, 2017
Дабири кулли Созмони милали муттаҳид гуфт, ин созмон барои кумак ба кӯдакони Яман пул надорад.
-
Apr 26, 2017
Даври ҷадиди музокироти марбут ба пешнависи мувофиқатномаи ҷомеи ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷории 5 кишвари соҳилии Хазар дар Ишқобод баргузор шуд.
-
Apr 26, 2017
Як қории бузурги Қуръони карим дар Индонезия дар ҳоли тиловати Қуръон дар баробари дурбини пахши зиндаи телевизион, ҷон ба Ҷонофарин супурд.