Ҷустуҷу
-
Apr 19, 2017
Дар ҳоле, ки Кумитаи марзбонии Узбакистон аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари даргирӣ бо марзбонони узбакистонӣ дар марзи муштараки ин ду кишвар дар навоҳии Турсунзода ва Сариосиё хабар дод, Кумитаи марзбонии Тоҷикистон тарафи Узбакистонро муқассири ин моҷаро муаррифӣ карда ва гуфтааст, ки марзбони Узбакистон бо вуруди ғайримуҷоз ба умқи 100 метрии дохили қаламрави Тоҷикистон бо 3 чупони тоҷик даргиру яке аз ононро куштаанд.
-
Apr 12, 2017
Муовини фармондеҳи нерӯи ҳавоӣ ва фазоии Русия аз тавофуқномаи эҳдоси системаи дифои ҳавоии муштараки минтақаӣ байни Маскав, Душанбе ва Бишкек хабар дод.
-
Apr 07, 2017
Саранҷом тарҳи созишномаи анҷоми парвозҳои ҳавоӣ миёни Тошканду Душанбе аз сӯйи мақомоти музокиракунандаи ду кишвар дар пойтахти Узбакистон ниҳоӣ шуд.
-
Apr 06, 2017
Тошканд имрӯз мизбони ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистону Узбекистон дар бораи барқарории иртиботи ҳавоӣ миёни ин ду кишвар аст. Ҷонибҳо мегӯянд, ки танҳо пас аз имзои созишномаи тарофики ҳавоӣ замина барои анҷоми парвозҳои муназзам миёни Тошканд ва Душанеб фароҳам хоҳад шуд.
-
Apr 04, 2017
Муовини умури байналмилалии вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон гуфт, 13 донишгоҳи Эрон дар байни донишгоҳҳои бартари ҷаҳон қарор доранд.
-
Mar 08, 2017
Вазири умури хориҷаи Чин ибрози умедворӣ кард, ихтилофоти Эрону Арабистон аз тариқи дипломатӣ ҳал шавад.
-
Feb 25, 2017
Узбакистон хостори аз саргири фаъолият қаторҳои борӣ ва мусофири дар масири Тошканд - Душанбе шуд.
-
Feb 09, 2017
Сафири Русия дар Эрон гуфт, ду кишвар тавофуқномаи сафари гурӯҳҳои гардишгарии бидуни ниёз ба раводидро имзо хоҳанд кард.
-
Jan 26, 2017
Доналд Трамп-раисиҷумҳури ҷадиди Амрико, рӯзм чаҳоршанбе бо судури ҳукми вижае, тарҳи сохти девори марзӣ миёни кишвараш ва Мексика ва таъйин муқаррароти ҷадид барои ҷилавгирӣ аз вуруди бархе аз муҳоҷиронро имзо кард.
-
Jan 17, 2017
Эрон ва Сурия панҷ санади ҳамкорӣ имзо карданд.
-
Jan 11, 2017
Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, ҷониби Узбакистон барои ҳамкории бештар дар тамоми соҳаҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
-
Jan 09, 2017
Мудири раёсати омузишу парвариши шаҳри Душанбе даргирии маргбори ҷавонони пойтахт дар авоили соли ҷориро натиҷаи интиқомҷӯӣ байни наврасони ду маҳала унвон кард.
-
Jan 07, 2017
Сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт,16 қочоқчии маводи мухаддир дар 26 даргирии мусаллаҳона бо марзбонони ин кишвар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, дар соли гузашта (2016) кушта шуданд.
-
Dec 22, 2016
Дар сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Қазоқистон, панҷ санади ҳамкорӣ байни ду кишвар имзо шуд.
-
Dec 21, 2016
Вазорати ҳамлу нақли Русия, Тоҷикистонро ба коршиканӣ дар иҷрои тавофуқномаи дуҷонибаи парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ муттаҳам кард.
-
Dec 05, 2016
Насруллоҳ Маҳмудов, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти интизомии вилояти Хатлон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти интизомии ин вилоят, аз афзоиши худкушӣ дар байни ҷавонон изҳори таассуф намуд.
-
Nov 28, 2016
Теҳрон ва Маскав раводиди дуҷонибаи гардишгариро лағв карданд.
-
Nov 22, 2016
Бо ҳузури раисони ҷумҳури Эрон ва Словения, ду кишвар се санади ҳамкорӣ имзо карданд.
-
Nov 02, 2016
Узбакистон ва Қирғизистон 49 нуқтаи марзии байни ду кишварро мушаххас ва ниҳоӣ карданд.
-
Oct 25, 2016
Ёддошти тафоҳуми густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузории байни Эрон ва Босния ва Ҳерсеговина бо ҳузури раисҷумҳури исломии Эрон ва раиси Шӯрои раёсатҷумҳурии Босния ва Ҳерсеговина имзо шуд.