Ҷустуҷу
-
Sep 21, 2020
Размоиши роҳбурдии Қафқоз-2020 бо ҳузури қисмҳои размӣ , ситодӣ ва амалиётии Русия , Эрон , Чин , Покистон , Қазоқистон ва Тоҷикистон дар минтақаи Қафқози ҷанубии Русия оғоз шуд .
-
Sep 21, 2020
Дар паи иддаои Амрико дар бораи бозгашти ҳамаи таҳримҳои Созмони Миллали Муттаҳид зидди Эрон , вазорати умури хориҷаи Русия бо интишори баёнияи расмӣ таъкӣд кард: Амрико барои гумроҳ кардани ҷомеъаи ҷаҳонӣ намоиш бозӣ мекунад .
-
Sep 20, 2020
Роҳбарони Бонки миллии Ӯзбекистон ва Бонки иқтисодии хориҷии Русия дар бораи пайвастшавӣ ба низоми байнибонкии молиявии Русия (Swift) созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
-
Sep 20, 2020
Кохи Петергоф дар Санкт-Петербург аз маҷмӯаи иморатҳо ва кохҳои муҷаллали марбут ба дудмони Романов аст, ки ба унвони бахше аз мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ба сабт расидааст.
-
Sep 19, 2020
Бонки марказии Русия аз коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар се моҳи дуввуми имсол хабар дод.
-
Sep 19, 2020
Ҳукумати Русия эълом кард, ки аз рӯзи душанбе 21 сентябр парвозҳои муназзами ҳавопаймоҳо бо се кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро аз сар мегирад, ки номи Тоҷикистон дар ин феҳраст мушоҳида намешавад.
-
Sep 18, 2020
Раиси идораи таҳқиқоти федералии Амрико муддаӣ шуд: Русия ҳамчунон ба мудохила ба нафъи Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ идома медиҳад.
-
Sep 16, 2020
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз барномарезӣ барои 71 парвоз ба манзури интиқоли шаҳрвандони ин кишвар аз Русия то поёни моҳи сентябр хабар дод.
-
Sep 16, 2020
Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена фазои Шӯрои мудирони МАГАТЭ-ро ҳангоми баррасии гузориши омӯзиши далелҳо дар бораи Эрон мусбат арзёбӣ кард ва илова кард, ки ҳеҷ кадоме аз тарафҳо дар талошҳои бемаънии ИМА даст надорад.
-
Sep 15, 2020
Манобеи Вазорати ҳамлу нақли Русия аз эҳтимоли аз моҳи октябр барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Русия ва кишварҳои узви Иттиҳод, аз ҷумла Тоҷикистонро эълон карданд.
-
Sep 15, 2020
Кохи Кремл ба қасди саркардаи мухолифони давлати Русия барои бозгашт аз Берлин ба Маскав вокуниш нишон дод.
-
Sep 15, 2020
Рӯзномаи Нию-Йорк Таймз ба нақл аз як мақоми амниятии аршади Олмон гузориш дод Алексей Навалнӣ, чеҳраи саршиноси опозисиюни рус қасд дорад ба Русия бозгардад ва ба фаъолиятҳояш идома диҳад.
-
Sep 14, 2020
Вазорати дифои Русия шаш кишварро барои ширкат дар тамрини стратегии "Қафқоз-2020" даъват кардааст.
-
Sep 14, 2020
Сафири Тоҷикистон дар Маскав эълом кард шаҳрвандони тоҷик дар Русия дар панҷ шаҳри ин кишвар дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябр ширкат хоҳанд кард.
-
Sep 13, 2020
Интихоботи остондорон ва намояндагони шуроҳои маҳаллӣ, дар 83 минтақаи Русия оғоз шуд.
-
Sep 13, 2020
Вазири хориҷаи Русия эълом кард, Маскав таҳримҳои эҳтимолии Ғарбро бепосух нахоҳад гузошт.
-
Sep 12, 2020
Раиси шӯрои муфтиёни Русия ҷумъашаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Козими Ҷалолӣ-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Москва, ҳар гуна иқдом дар ҷиҳати поймол кардани ҳуқуқи мардуми Фаластинро маҳкум кард.
-
Sep 11, 2020
Сафири Тоҷикистон дар Маскав эълом кард, ки ба далели густариши вируси корона ва бекор шудани теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик барои бозгардонидани онон ба кишварашон рӯзона ба 10 парвоз ниёз аст, ки амалан ғайримумкин мебошад.
-
Sep 10, 2020
Низомиёни Чин ва Эрон ба ҳамроҳи теъдоде дигар аз кишварҳо дар размоиши «Қафқоз 2020»-и Русия ҳузур хоҳанд ёфт.
-
Sep 09, 2020
Сухангӯи кохи Кремл идғоми эҳтимолӣ ва комили Беларус бо Русияро девонагии маҳз унвон кард.