Вокуниши Кремл ба қасди Навалний барои бозгашт ба Русия
Кохи Кремл ба қасди саркардаи мухолифони давлати Русия барои бозгашт аз Берлин ба Маскав вокуниш нишон дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник , сухангӯи Кохи Кремл Дмитрий Песков рӯзи сешанбе гуфт : Алексей Навалний ҳамчун ҳар шаҳрванди рус иҷозаи вуруду хуруҷ ба кишварро дорад .
Бо ин ҳол Песков дар бораи эҳтимоли баргузории нишасти Алексей Навалний бо коркунони давлати Русия баъд аз бозгашти вай ба Маскав гуфт, ки ҳеч далелу ниёзе ба баргузории чунин гуфтугӯҳое вуҷуд надорад ва ӯ итминон дорад, ки чунин нишасте баргузор нахоҳад шуд .
Бемористони Шарит дар Берлини рӯзи душанбе эълом кард, ки саломатии Навалний рӯ ба беҳбуд аст .
Навалний рӯзи 20 август дар парвози дохилӣ аз Томск ба Маскав дучори беморӣ шуду таҳти фишорҳои байналмилалӣ ба бемористоне дар Олмон интиқол ёфт .
Кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Олмон муддаӣ ҳастанд , Маскав , саркардаи мухолифони давлати Русияро бо гази саммии новичук масмум карда аст .
Маскави ин иттиҳомро ба шиддат рад мекунад.