Ҷустуҷу
-
Jan 24, 2017
Раиси ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” эълом кардааст, ки замони дақиқи азсаргирии парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд маълум нест.
-
Jan 20, 2017
Барканории ғайримунтазираи Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе аз мақомаш ва таъйини Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин симмат дар маркази тавваҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи шаҳри Душанбе қарор гирифтааст.
-
Jan 19, 2017
Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷадиди шаҳри Душанбе дастур додааст, то дар ин ниҳод дар фасли замистон барои бартараф кардани саривақтии мушкилоти шаҳрвандон, ҷадвали навбатдории шабонарӯзӣ барқарор шавад.
-
Jan 18, 2017
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хориҷ аз ин шаҳр мунтақил мешавад.
-
Jan 17, 2017
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 6 ҷавони 19- сола ба иттиҳоми мушорикат дар низои гурӯҳӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Душанбе хабар додааст.
-
Jan 15, 2017
Бо оғози номнависӣ барои ширкат дар мушовираи "Барномаи муҳоҷират" (Переселение) дар намояндагии Идораи муҳоҷирати Русия дар Душанбе,ҷамъияти фаровоне дар Душанбе аз ин барнома истиқбол кардаанд.
-
Jan 13, 2017
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори ҷадиди пойтахти Тоҷикистон дар аввалин рӯзи фаъолияти кории худ дар ин мақом, вазоифу аҳдофи масъулони таъйиншудаи шаҳрдории Душанберо мушаххас кард.
-
Jan 13, 2017
Даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ёри имом ва аз бунёдгузорони Ҷумҳурии исломии Эрон, мавзеъгирии раиси Маркази мутолеоти роҳбурдии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди озодии баён, вокуниши расмии Душанбе ба суханони бархе мақомоти ҳукумати Афғонистон ва сарнавишти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баъд аз даргузашти Исмоил Талбаков, раҳбари ин созмони сиёсӣ аз мавзӯоти меҳварии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
-
Jan 12, 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанберо аз мақомаш барканор ва Рустами Эмомалӣ, писари бузурги худро раиси ҷадиди пойтахти ин кишвар таъйин кард.
-
Jan 12, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12 январ бо судури фармоне Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанберо аз мақомаш барканор карда, Рустами Эмомалӣ писари бузургашро раиси ҷадиди пойтахти ин кишвар таъйин кард.
-
Jan 09, 2017
Худобердӣ Холиқназар-раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон аз тасмими Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо бо Эрон ва Узбакистон хабар дод.
-
Jan 08, 2017
Коршиноси русӣ масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, Русия ва Тоҷикистон ҳарчи зуддтар ба ихтилоф бар сари парвози ҳавопаймоҳо миёни ин ду кишвар поён диҳанд.
-
Jan 06, 2017
Ҳафтаномаҳои чопи Душанбе ҳар ҳафта муҳимтарин масоили Тоҷикистон ва минтақаро меҳвари баррасӣ қарор додаанд.
-
Jan 05, 2017
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Амрико дар шаҳри Душанбе чашмандози ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
-
Jan 01, 2017
Корхонаи дӯзандагии мавсум ба “Гулистон” дар маркази шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон мутааллиқ ба Дмитрий Фирташ сармоядори украинӣ аз тариқи музояда ба фурӯш гузошта шавад.
-
Dec 30, 2016
Шиддат гирифтани ихтилофот миёни Маскав ва Душанбе бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ду кишвар, натоиҷи ҷаласа байни ҳукумати Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе ва баррасии мавзӯи мизони молиёт дар Тоҷикистон аз матолиби меҳварии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
-
Dec 29, 2016
Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон муҳимтарин натоиҷи ба дастомадаро дар ҷаласаи байниҳукуматии ду кишвар дар шаҳри Душанбе оғози парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дар нимаи аввали соли 2017, харидани алюминиуми Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои саноатии Узбакистон ва коҳиши қимати тарофаҳои ҳамлу нақл аз тариқи роҳи оҳан эълом кард.
-
Dec 28, 2016
Имрӯз дар Душанбе нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд.
-
Dec 28, 2016
Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон муътақид аст, баҳс барои парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Маскав, ки як ҳафтаи охир авҷ гирифт, бо роҳи мусолиматомез ҳал хоҳад шуд.
-
Dec 27, 2016
Баъди муддатҳо ройзанӣ миёни Душанбе ва Тошканд, як ҳайъати расмӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон сафар кард. Коршиносон, сафари ин ҳайъатро самараи сиёсати ҳукумати ҷадиди Узбакистон медонанд.