Ҷустуҷу
-
Oct 19, 2016
Нахустин барфи тирамоҳии имсол вилояти Суғди Тоҷикистонро сафедпуш кард.
-
Oct 19, 2016
Мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон аз афзоиши қиммати барқ ва оби гарм дар ин кишвар аз аввали моҳи ноябр хабар додаанд.
-
Oct 18, 2016
Масъулони фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии "Дидор" бар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳунарӣ бо Эрон бавижа дар бахши синамо таъкид карданд.
-
Oct 18, 2016
Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар тозатарин гузориши худ Тоҷикистонро дар байни 141 кишвари ҷаҳон аз назари шохиси рақобатпазирӣ дар ҷазби гардишгар дар радаи саду нуздаҳум қарор дод.
-
Oct 18, 2016
Ахиран ҳамоише бо мавзӯи "Ҷазби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки ин амр нишон медиҳад, фазои ҷазби сармоя дар ин кишвар ҳанӯз ҳам бо мушкилоти зиёде рӯбарӯст.
-
Oct 18, 2016
Вазорати молияи Тоҷикистон қасд дорад, ки дар буҷети соли 2017-ум 3 миллион сомониро барои хариди инсулин ихтисос диҳад.
-
Oct 17, 2016
Ҷашнвораи байналмилалии синамои "Дидор" дар Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони беш аз 10 кишвари ҷаҳон дар Душанбе ифтитоҳ шудааст.
-
Oct 17, 2016
Намояндагони Тоҷикистон барои ширкат дар ҳафтумин Иҷлоси раисони гумрукоти кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО вориди Теҳрон шуданд.
-
Oct 17, 2016
Ҷашнвораи байналмилалии филми Дидори Тоҷикистон бо намоиши филми "Бародар", асари коргардони марҳуми тоҷик Бахтиёр Худойназаров ифтитоҳ шуд.
-
Oct 16, 2016
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муътақид аст, теъдоди ҷамъияти ин кишвар дар соли 2020 ба 10 миллиону 65 ҳазор нафар хоҳад расид.
-
Oct 16, 2016
Ширкатҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон, сабти дубораи тамоми симкортҳои телефонҳои ҳамроҳи шаҳрвандони ин кишварро оғоз карданд.
-
Oct 13, 2016
Раиси Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон гуфт, қарзи ширкату тоҷирон аз Кумитаи андоз аз ибтидои имсол 125 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
-
Oct 13, 2016
Мақомоти додгоҳӣ дар вилояти Суғд эълом кардаанд, ки ҳукми маҳкумияти 5 имом хатиби масоҷиди ноҳияи Конибодом, ки ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ихвонулмуслимин зиндонӣ шудаанд, коҳиш намеёбад ва ин афрод шомили қонуни афв низ намешаванд.
-
Oct 13, 2016
Дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) аз кӯмаки ин ниҳод ба Тоҷикистон дар чорчӯби тарҳи ҷадиди мубориза бо терроризм хабардод.
-
Oct 12, 2016
Бар асоси ислоҳияи воридшуда дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон аз сӯи Маҷлиси намояндагони ин кишвар, аз ин пас мавзӯи мураххасии зиндониён ва ё тағйири низоми нигаҳдории онон танҳо бо мувофиқати додситон имконпазир хоҳад шуд.
-
Oct 12, 2016
Дар сурати тасвиби тағйир дар Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ин ба баъд ҳар шаҳрванде, ки маҳкум ба «хиёнат ба ватан» шавад, муҷозоти ӯ ҳабси абад хоҳад буд.
-
Oct 11, 2016
Ширкати мушовираи тиллои ҷаҳон мавсум ба "World Gold Council" дар рутбабандии ахири худ Тоҷикистонро ба лиҳози доштани захоири тилло дар ҷаҳон дар мақоми шасту ҳафтум қарор дод.
-
Oct 09, 2016
Мақомоти амниятӣ дар фурудгоҳи шаҳри Новосибирск дар шарқи Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки қасди сафар ба Туркия ва Сурия ва пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дошт, боздошт кардаанд.
-
Oct 06, 2016
Эрону Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро дар арсаи ҳамлу нақли коло аз тариқи роҳи оҳан густариш медиҳанд.
-
Oct 06, 2016
Тарҳи мамнӯияти сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки ахиран, аз сӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон матраҳ шуд, бо вокунишҳои мусбате дар ҷомеаи ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.