Ҷустуҷу
-
Sep 30, 2016
Сафари ғайримунтазираи вазири хориҷаи Узбакистон ба Тоҷикистон, умедҳо барои беҳтар шудани равобит миёни Душанбе ва Тошкандро дубора зинда кардааст.
-
Sep 29, 2016
Коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии Русия гуфт, имзои тавофуқнома байни Тоҷикистону Чин дар бораи эҷоди воҳидҳои низомӣ барои марзбонони тоҷик дар марзи ин кишвар бо Афғонистон набояд сабаби нигаронии Маскав шавад.
-
Sep 28, 2016
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки аз ҳодисаи таҷаммӯъ ва ҳамлаи як гурӯҳи донишҷуёни мӯътариз бо тухми мурғ ба манзили Раҳматуллоҳи Раҷаб, аз аъзои аршади зиндонии ҳизби мамнӯъшудаи Наҳзати исломии ин кишвар иттилоъ надорад.
-
Sep 27, 2016
Дабири кулли Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) бо сафари дурӯза барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон имрӯз ( сешанбе 27 сентябр) вориди шаҳри Душанбе шуд.
-
Sep 26, 2016
Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои фурӯши 48 дарсади саҳмияҳои “Агроинвестбонк”, яке аз чаҳор бонки бузурги ин кишвар ризоят додааст.
-
Sep 26, 2016
Дидабони ҳуқуқи башар бо интишори як баёния бо ишора ба таъқиби мухолифон аз сӯи давлати Душанбе, хостори эъмоли таҳрим алайҳи ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумла низоми раводид бо Тоҷикистон ва таҳрими моликияти мақомоти тоҷик ба ҷурми нақзи ҷиддии ҳуқуқи шаҳрвандон шудааст.
-
Sep 26, 2016
Давлати Тоҷикистон барои фурӯши 48 дарсад саҳоми “Агроинвестбанк” ризоят дод. Гуфта мешавад, саҳоми “Агроинвестбанк”наздик ба 250 миллион доллар аст.
-
Sep 26, 2016
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қасд дорад, дафтари марказии Ҷамъияти ношунавоёни ин кишварро ба баҳонаи тавсеаи маркази тавонбахшӣ дар ихтиёр гирад.
-
Sep 24, 2016
Бонки рушди Осиё аз ихтисоси кумаки 460 миллион долларӣ ба Тоҷикистон таи солҳои 2016 то 2020 ба манзури тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ин кишвар хабар дод.
-
Sep 24, 2016
Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон таъсири ногувори коҳиши мизони маблағҳоеро, ки муҳоҷирон мефиристоданд, ба иқтисоди ин кишвар эътироф кард.
-
Sep 24, 2016
Ҳайати расмии Тоҷикистон ба нишони эътироз нисбат ба ҳузури намояндагони Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава, пойтахти Лаҳистон ин нишастро тарк кард.
-
Sep 23, 2016
Донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҳузури намояндагони гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳуқуқи башарии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава эътироз карданд.
-
Sep 23, 2016
Коршиноси тоҷик гуфт, Тоҷикистон дар арсаи байналмилал ҳеч дӯсте, ки дар амал наздиктар аз Эрон бошад, надорад.
-
Sep 22, 2016
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Бонки осиёии рушд даъват кардааст, ки сармоягузории тарҳҳо дар ин кишвар бештар дар шакли кӯмакҳои билоивази молӣ сурат бигирад.
-
Sep 21, 2016
Бонки марказии Русия аз коҳиши интиқоли пул аз ин кишвар ба Узбакистон ва Тоҷикистон ва афзоиши он ба Қирғизистон хабар дод.
-
Sep 21, 2016
Тавофуқномаи ҳамкориҳои стратегии Остона ва Душанбе ба тасвиби маҷлиси Қазоқистон расид.
-
Sep 21, 2016
Операторҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон аз афзоиши 33-дарсадии ҳазинаҳои тамос аз ин кишвар ба Русия хабар доданд.
-
Sep 21, 2016
Коршиноси тоҷик муътақид аст, ки Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории Вазорати кишвари Тоҷикистон ва вазири ҷанги гурӯҳи террористии ДИИШ бидуни ҳимояти хориҷӣ наметавонад ба Тоҷикистон ҳамла кунад.