Ҷустуҷу
-
Nov 14, 2018
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати роҳандозии аввалин чархаи нерӯгоҳи Роғун ба беш аз 100 нафар аз коргарон ва мутахассисон нишонҳои давлатӣ эъто кард.
-
Гузориши вижа: Зарурати дифо аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар баробари муҳоҷирситезӣ дар Русия
Nov 12, 2018Бо эъломи усули ҷадиди сиёсати муҳоҷират дар Русия бо муқаррароти қаблӣ, акнун мавзӯи дифо аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия дар баробари муҳоҷирситезон, беш аз пеш эҳсос мешавад.
-
Nov 05, 2018
Коршиносони Шӯрои уламои исломии вобаста ба Маркази исломии ин кишвар бо судури фатвое эълом карданд, коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ муваззафанд, нафақаи хонаводаи худро дар даврони муҳоҷират бипардозанд.
-
Nov 05, 2018
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои бори нахуст эътироф кард, ки коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия бар фаъолияти низоми бонкии ин кишвар таъсири ногувор доштааст.
-
Nov 02, 2018
Бонки Марказии Русия аз интиқоли як миллиарду 150 миллион доллар даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод.
-
Oct 27, 2018
Сафири Тоҷикистон дар Русия аз мақомоти Маскав хост, барои афви дубораи коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз ин кишвар иқдом кунанд.
-
Oct 24, 2018
Теъдоде аз коршиносон дар мавриди тарҳи давлати Тоҷикистон барои ҷазби сармояи коргарони муҳоҷири тоҷик, бо ҳадафи рушди иқтисоди ин кишвар ибрози шакку тардид кардаанд.
-
Oct 22, 2018
Нашрияи "МК Тула” бо нашри аксҳои зиёд хабар дод, ки рӯзи 20 октябр нирӯҳои вижаи пулиси Русия ҳудуди 200 муҳоҷирро дар бозори марказии шаҳри Тула ва атрофи он дастгир ва мисли асирон қатор карданд.
-
Oct 20, 2018
Намояндагони маҷлиси вилояти Красноярск, дар минтақаи Сибири Русия тарҳи афзоиши қимати дарёфти иҷозатномаи кор барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро тасвиб карданд.
-
Oct 04, 2018
Вазири дифои Русия, ки худ зодаи вилояти Красноярск дар минтақаи Сибири ин кишвар мебошад, барои таъмини рушди ҷамъият ва пешрафти иқтисоди кишвараш тарҳи интиқоли коргарони муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷиконро ба Сибир ироа кардааст.
-
Sep 08, 2018
Муовини нахуствазири Русия эълом кард, ки барои бори нахуст дар ин кишвар дар соли 2019 саҳмияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар бахши сохтусоз коҳиш хоҳад ёфт.
-
Aug 29, 2018
Мудири Сандуқи “Муҳоҷири қарни 21” дар Русия муътақид аст, далели асосии бадбинӣ ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия, пойин омадани шохисҳои зиндагии мардуми ин кишвар аст.
-
Aug 28, 2018
Бинобар эъломи маркази афкорсанҷии “Левада”, дар Русия дар як соли ахир теъдоди ҷонибдорони маҳдудияти вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба ин кишвар афзоиш ёфтааст.
-
Aug 04, 2018
Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар бораи ҳалли мушкили пардохти нафақаи бознишастагии ин афрод дар ин кишвар шакку тардид дорад.
-
Aug 01, 2018
Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз вазири умури дохилаи Тоҷикистон дархост кард, судури шиноснома (гузарнома)-и нав бо тағйири ном ва номи хонаводагӣ барои коргарони тоҷики ихроҷшуда аз Русияро мамнуъ кунад.
-
Jul 31, 2018
Раиси Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия муътақид аст, ки иҷрои қавонини муҳоҷиратии ин кишвар барои коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ бисёр душвор аст.
-
Jul 28, 2018
Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия эълом кардааст, дар соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дувумин ҷамъияти пуртеъдоди коргарони муҳоҷир дар Русияро ташкил медиҳанд.
-
Jul 14, 2018
Маркази пажӯҳишии масоили иҷтимоӣ ва пешбинии рушди ҷамъияти Фарҳангистони улуми Русия эълом кардааст, ба иллати коҳиши ҷамъияти ин кишвар, тайи 10 соли оянда Тоҷикистон аслитарин таъминкунандаи нерӯи кори ҷавони мавриди ниёзи иқтисоди Русия хоҳад буд.
-
Jun 28, 2018
Натиҷаи фаъолияти Маркази муҳоҷирати Маскав дар моҳи январ – майи соли ҷорӣ аз ҳавасмандии муҳоҷирони меҳнатӣ ба фаъолияти расмӣ дар иқтисоди шаҳр мегӯяд.
-
Jun 27, 2018
Мудири маркази пажӯҳишии “Шарқ” дар Душанбе эълом кард, 98 дарсади коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия фаъолият мекунанд.