Ҷустуҷу
-
Jan 27, 2020
“Исломҳаросӣ дар Ғарб” Коре аст аз гуруҳи сиёсии Радиои тоҷикии Садои Хуросон. Дар ин маҷмуъа барнома қасд дорем ба масоил ва иттифоқоти муртабит бо исломҳаросӣ дар ҷаҳон ба вижа кишварҳои ғарбӣ бипардозем.
-
Jan 27, 2020
Додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки 70 нафар аз зиндониёни омили ошуб дар зиндонҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ваҳдат ба афзоиши давраи зиндон маҳкум шудаанд.
-
Jan 27, 2020
“Осиёи марказӣ, Қафқоз дар ҳафтае ки гузашт”, корест аз гуруҳи сиёсии радиои тоҷикии Садои Хуросон. Шавқмандон ба вижабарномаҳои сиёсӣ метавонанд ин барномаро якшанбеҳо аз Садои Хуросон бишунаванд.
-
Jan 27, 2020
Расонаҳои хабарӣ аз асобати чанд ракет ба атрофи Сафорати Амрико дар минтақаи Сабзи Бағдод пойтахти Ироқ ва захмӣ шудани 5 корманди ин сафорат хабар доданд.
-
Jan 27, 2020
Ҳавопаймои масири Теҳрон ба бандари Моҳшаҳр (ҷануби Эрон), субҳи имрӯз ҳангоми фуруд дар фурудгоҳ аз масир хориҷ ва дучори сонеҳа шуд.
-
Jan 27, 2020
Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад ба ширкати насби ҳисобкунакҳои нави барқ дар Душанбе, ки интиқоли барқро танҳо бо пешпардохти ҳазинаи он имконпазир месозад, имтиёзоте эъто кунад.
-
Jan 27, 2020
Шумори ҷонбохтагони коронавирус дар Чин ба ҳаштод тан расид.
-
Jan 27, 2020
Саорати Тоҷикистон дар Чин аз донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар дархост кардааст, ки бо канор гузоштани баҳсҳо ва мунозираҳои беҳуда дар бораи густариши вируси асроромези тоҷдор (коронавирус) дар Чин, ки бо фавти ашхос низ ҳамроҳ мебошад, ба тавсияҳои мақомоти беҳдоштии Пекин амал кунанд.
-
Jan 27, 2020
Раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон аз пайдо шудани писари муовини хеш, ки чанд рӯз пеш дар Маскав гум шуда буд, хабар дод.
-
Jan 27, 2020
Барпоии ҷашни Сада дар Тоҷикистон сол ба сол равнақи бештаре мегирад. Тасовире аз ин ҷашни ниёгонӣ, дастархони он дар Тоҷикистон ва тоблуе, ки бар рӯйи он навишта шудааст: Сада омад то туро мужда диҳад аз баҳор...
-
Jan 27, 2020
Аккоси бушеҳрии довари Ҷашнвораи байналмиллалии акси Помири Тоҷикистон шуд.
-
Jan 26, 2020
Манобеи покистонӣ аз ибтилои се табааи чинӣ ба вируси бемории корона дар он кишвар хабар доданд.
-
Jan 26, 2020
Даргирӣ дар Ливия ва ба дунболи он, бештар шудани дахолати кишварҳои хориҷӣ барои пуштибонӣ аз ҷиноҳҳо ва тарафҳо, таниши вазъияти сиёсӣ ва амниятӣ дар ин кишварро печидатар кардааст.
-
Jan 26, 2020
Маркази сабти хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико, аз кушта ё захмӣ шудани 71 нафар дар тирандозиҳои 24 соати гузаштаи ин кишвар хабар дод.
-
Jan 26, 2020
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо ҳафтаномаи олмонии "Spiegel", ки рӯзи шанбе мунташир шуд, бо баёни ин воқеият, ки аврупоиҳо тавони истодан дар баробари Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрикоро надоранд, гуфт,"итоати бечуну чарои аврупоиҳо аз Амрико як фоҷиа аст".
-
Jan 26, 2020
Вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кард, бархе мақомоҳои Вазорати дифои Амрико, Пентагон, ба дунболи муташанниҷ кардани авзоъ дар Сурия ҳастанд.
-
Jan 26, 2020
Шумори куштаҳои зилзила дар вилояти Елазиқи Туркия афзоиш ёфт.
-
Jan 26, 2020
Дар сармо ва барф чигуна ронандагӣ кунем?
-
Jan 26, 2020
Нақош ва муҷассамасози машҳур Сергей Фофанов тозатарин нақшнигораҳо ва осори ҳаҷмии устоди русӣ бо мавзӯи устураҳои Шоҳномаи Фирдавсӣ дар китобхонаи Маскав ба намоиш даромадааст.
-
Jan 26, 2020
Мақомҳои Чин рӯзи якшанбе дар тозатарин гузориши худ эълом карданд, шумори қурбониёни вируси тоҷдор ё коронавирус ба 54 нафар ва теъдоди мубталоёни он ба беш аз ҳазору 610 тан расидааст.