Январ 27, 2020 09:51 Asia/Dushanbe
  • Довари эронӣ дар Ҷашнвораи байналмиллалии акси Помири Тоҷикистон

Аккоси бушеҳрии довари Ҷашнвораи байналмиллалии акси Помири Тоҷикистон шуд.

Ба нақл аз Идораи кулли иршоди исломии Бушеҳр, Ҷашнвораи байналмиллалии акси кӯҳистони Помир бо талоши  Суруши байналмиллали Тоҷикистон  бо ҳамкории намояндагии ФИАП (Клоб акси фокус), дар кишвари Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ин ҷашнвора зери назари Федератсияи байналмиллалии ҳунари акосӣ (ФИАП) ва Анҷумани аккосони Амрико PSA  баргузор мешавад, ки Саиди Арабзода аккоси бушеҳрӣ ба унвони довар дар ин ҷашнвора ҳузур дорад.

Озодрангӣ, такранг, портрет, чашмандоз, табиат ва сафар аз мавзӯоти ин ҷашнворааст.

Саиди Арабзода ҳунарманди аккоси вилояти Бушеҳр аст, ки аз ановини ӯ метавон ба ҳунарманди мумтози Федератсияи байналмиллалии ҳунари аккосӣ, мударрис ва аккосӣ ва вироиши акс, узви Анҷумани аккосии мироси фарҳангии Эрон, дорандаи беш аз шаст мақоми байналмиллалӣ, довари панҷумин Ҷашнвораи байналмиллалии акси Хайём ва чандин ҷашнвораи миллӣ ва байналмиллалии дигар ном бурд.