Ҷустуҷу
-
Sep 25, 2019
Дастёри раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон муддаӣ шуд, ки дастгоҳи қазоии ин кишвар аз истиқлоли кофӣ бархӯрдор аст.
-
Sep 25, 2019
Вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки ин рӯзҳо дар Ню-Йорк ба сар мебарад, дидорҳои расмӣ бо мақомоти ширкаткунанда дар иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милал анҷом додааст.
-
Sep 24, 2019
Маросими оғози соли таҳсилӣ (аввали меҳр) дар Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Sep 24, 2019
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳувияти омили ҳамла ба низомиёни рус дар шаҳри Бохтарро ифшо кард.
-
Sep 24, 2019
Мудири намояндагии созмони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон эълом кард:Фосилаи табақотӣ ва муҳоҷират- ду мушкили асосии кӯдакон дар ин кишвар мебошад .
-
Sep 23, 2019
20 сентябри 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Ҷенмин мулоқот анҷом дод.
-
Sep 23, 2019
Мақомоти Сафорати Русия дар Душанбе эълом кардаанд, моҷарои захмӣ шудани ду низомии рус аз сӯи як шаҳрванди Тоҷикистон, ки гуфта мешавад маризии рӯҳӣ - равонӣ доштааст, таҳти назар қарор дорад.
-
Sep 23, 2019
Коршиноси умури бонкӣ дар Русия муътақид аст, ифтитоҳи нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон метавонад боиси ҷазби сармояи хориҷӣ дар низоми бонкиву молии ин кишвар шавад.
-
Sep 22, 2019
"Тавҳидбонк", нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон аст, ки муҷаввизи фаъолияти он аз сӯи Бонки Миллӣ содир шудааст.
-
Sep 21, 2019
Тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 2 миллиону 700 ҳазор тон семент тавлид шудааст, ки беш аз 1 миллион тон аз ин маҳсули сохтмонӣ ба хориҷ содир шудааст.
-
Sep 21, 2019
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ислоҳияи ворида ба қонуни ҷиноӣ дар ин кишварро мунташир кард, ки шомили муҷозоти афроди мутахаллиф барои нақзи муқаррароти доштани симкорти телефони ҳамроҳ мешавад.
-
Sep 19, 2019
Пас аз даргирии маргбор дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, мақомоти ду кишвар ба тавофуқоте дар ин баҳс расидаанд, аммо иддае аз фаъолони мадании тоҷик мегӯянд, ки ин созишҳо муваққат аст ва мушкилро решаӣ ҳал намекунад. Ҳамчунин онҳо мӯътақиданд, ки ба қирғизҳо намешавад эътимод кард, зеро онон ба хотири фишор ба давлати Тоҷикистон барои гузашт дар ин мавзӯ, ҳар дафъа ба хоки Тоҷикистон таҷовуз мекунанд.
-
Sep 19, 2019
Шаҳрвандони Тоҷикистон амалиёти сохтмонӣ дар минтақаи марзӣ бо Қирғизистонро мутаваққиф карданд.
-
Sep 19, 2019
Тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи имсол ба 44 миллиарду 893 миллион сомонӣ (муодили 4 миллиарду 600 миллион доллар) расидааст.
-
Sep 19, 2019
Намояндаи маҷлиси қонунгузории Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки барои таҳти фишор қарор додани Тоҷикистон ба бозгашт ба музокироти аломатгузории марзи муштарак, бояд интиқоли сӯхт ба ин кишвари ҳамсоя қатъ шавад.
-
Sep 19, 2019
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе бо раиси Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
-
Sep 18, 2019
Бонки Ҷаҳонӣ афзоиши молиёт дар Тоҷикистонро монеи рушди фаъолияти бахши хусусӣ дар ин кишвар эълом кард.
-
Sep 18, 2019
Ба дунболи низои хунин дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, нахуствазирони ду кишвар бо якдигар дидор ва гуфтугӯ карданд.
-
Sep 18, 2019
Нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон муҷаввизи фаъолият гирифт.