Ҷустуҷу
-
Apr 23, 2019
Эрон фармондеҳони Ситоди фармондеҳии нерӯҳои амрикоии мустақар дар минтақаи ғарби Осиё ва шарқи Африқо, мавсум ба “СЕНТКОМ” ва созмон ё ниҳодҳои дар ихтиёри онҳоро таҳти таъқиби қазоӣ қарор медиҳад.
-
Apr 23, 2019
Вазири беҳдошти Шри-Ланка эълом кард, бомбагузориҳои рӯзи якшанбе дар меҳмонхонаҳо ва калисоҳои ин кишвар, ки ба кушта ва захмӣ шудани садҳо нафар мунҷар шуд, тавассути гурӯҳи мавсум ба «Ҷамоати Тавҳид» тарроҳӣ ва иҷро шудааст.
-
Apr 23, 2019
Муовини ҳуқуқии раиси ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Теҳрон бо тарҳи додхосте дар Девони байналмиллалии додгустарӣ, тахаллуфи Амрико дар пешгирӣ аз расидани кумакҳои нақдӣ ба осибдидагон аз сел дар Эронро пайгирӣ мекунад.
-
Apr 23, 2019
Ҳамапурсии ислоҳоти Қонуни асосии Миср, ки аз 20 апрел оғоз шуда буд душанбешаб дар тамомии ҳавзаҳои ахзи раъй дар саросари Миср ба поён расид.
-
Apr 23, 2019
Давлати Афғонистон аз омодагии Узбакистон барои мизбонии нишасти байнулафғонии сулҳ хабар дод.
-
Apr 23, 2019
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сармоягузории Чин дар иқтисоди кишвараш ибрози хурсандӣ кард ва густариши ҳамкориҳои Душанбе ва Пекин дар заминаҳои мухталифро хостор шуд.
-
Apr 23, 2019
Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард, барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низом вазифа дар ин кишвар 60 дарсад иҷроӣ шудааст.
-
Apr 23, 2019
Вазъият дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бори дигар ноором шудааст.
-
Apr 22, 2019
Нишасти гурӯҳи тамоси Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек - пойтахти Қирғизистон дар ҳоле баргузор шуд, ки бархе аз коршиносон бар аҳамияти таваҷҷуҳи кишварҳои аъзои ин созмон ба сулҳ дар Афғонистон таъкид мекунанд.
-
Apr 22, 2019
Сомонаи хабаргузории давлатии “Ховар” – и Тоҷикистон дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ баста шуда ва ширкати “Гугл хром” иллати ин иқдомро мулоҳизоти амниятӣ унвон кардааст.
-
Apr 22, 2019
Нерӯҳои амниятии афғон дар вилояти Нангарҳори Афғонистон дар амалиёте муваффақиятомез 24 ғайринизомиро, ки ба дасти аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ рабуда шуда буданд, наҷот доданд.
-
Apr 22, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Теҳрон ва Исломобод тасмим гирифтанд барои муборизаи муштарак бо терроризм дар марзҳо, нерӯи вокуниши сареъ ташкил диҳанд.
-
Apr 22, 2019
Барномаи давлати Қирғизистон барои истихроҷи уран дар устони Исик Кул, муҷиби эътирози иҷтимоъӣ шуд.
-
Apr 22, 2019
Вазорати кишвари Афғонистон аз кашфи як дастгоҳ худрави ҳомили маводи тарканда дар Кобул хабар дод.
-
Apr 22, 2019
Владимир Зеленский фарди пирӯз дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина эълом кард, дар назар дорад фароянди сулҳ дар кишварашро бо мушорикати Русия эҳё кунад.
-
Apr 22, 2019
Умар Албашир, раиси ҷумҳури 30 солаи Судон пас аз 6 моҳ эътирози мардумӣ рӯзи 11 апрел 2019 бо кудатои артиш аз қудрат канор гузошта шуд.
-
Apr 22, 2019
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохт нашудани ба мавқеъи пули барқи масрафӣ дар пойтахти ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.
-
Apr 22, 2019
“Осиёи марказӣ, Қафқоз дар ҳафтае ки гузашт”, корест аз гуруҳи сиёсии радиои тоҷикии Садои Хуросон. Шавқмандон ба вижабарномаҳои сиёсӣ метавонанд ин барномаро якшанбеҳо аз Садои Хуросон бишунаванд.
-
Apr 22, 2019
Мақомҳои давлатии Узбакистон аз оғози бозсозии хона ва музейи устод Садриддин Айнӣ нависандаи машҳур, поягузори адабиёти нав, қаҳрамони миллӣ ва нахустин раиси фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд хабар доданд.