Ҷустуҷу
-
Oct 03, 2018
Кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон тайи ду амалиёти ҷудогона раиси додгоҳи ноҳияи Айнӣ, дар вилоят Суғд ва як корманди идораи пулиси ноҳияи Турсунзода, дар маркази ин кишварро ба иттиҳоми дарёфти ришва боздошт карданд.
-
Oct 02, 2018
Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Дастикам 40 тан аз сарони ДИИШ дар амалиёти мушакии сипоҳ ба маҳалли истиқрори террористҳои ДИИШ дар шарқи Фурот дар Сурия ба ҳалокат расидаанд.
-
Oct 02, 2018
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз 1 ноябр нархи нирӯи барқ барои аҳолӣ 15 дарсад боло бурда мешавад.
-
Oct 02, 2018
Бародари Фатҳуллоҳ Гюлен дар додгоҳе дар Туркия ба беш аз 10 соли зиндон маҳкум шуд.
-
Oct 02, 2018
Бинобар таҳлили пойгоҳи интернетии фурӯши васоили нақлия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ӯзбакҳо ба мошинҳои хурд ва каммасраф ва тоҷикон ба мошинҳои бузург, гаронбаҳо ва пурмасраф таваҷҷуҳ доранд.
-
Oct 02, 2018
Миллиардери ӯзбактбори сокини Русия тасмим гирифтааст барои рушди фарҳангӣ, динӣ ва иқтисодии зодгоҳаш, кишвари Ӯзбакистон кумак кунад.
-
Oct 02, 2018
Мақомоти амниятии Русия як мансабдори пешини тоҷикистониро ба иттиҳоми фасоди молӣ боздошт кардаанд.
-
Посухи Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ба иддаои сафири Афғонистон дар Русия
Oct 02, 2018Муовини раиси Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон иддаои сафири Афғонистон дар Русияро, ки аз вуҷуди мафияи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир дар Душанбе сухан гуфта буд, беасос донист.
-
Oct 02, 2018
“Осиёи марказӣ, Қафқоз дар ҳафтае ки гузашт”, корест аз гуруҳи сиёсии радиои тоҷикии Садои Хуросон. Шавқмандон ба вижабарномаҳои сиёсӣ метавонанд ин барномаро якшанбеҳо аз Садои Хуросон бишунаванд.
-
Oct 02, 2018
Ҳамзамон бо обгирии садди нерӯгоҳи дар ҳоли сохти «Роғун», дар 23 ноҳияи Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст.
-
Oct 01, 2018
Кайфияти поини ироаи хадамот, набуди зерсохтҳои зарурӣ ва монеаҳои дигар, ки ба тавсеаи гардишгарӣ осеб мезанад, ниёз ба ҳалу фасл дорад, то рушди ин бахш таъмин шавад.
-
Oct 01, 2018
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон аз наздик шудани мавозеи Эрон ва Аврупо дар хусуси таъмини манофеи Ҷумҳурии исломӣ пас аз канорагирии Амрико аз БАРҶОМ хабар дод.
-
Oct 01, 2018
Вазорати дифои Русия аз оғози размоиши вижаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба мизбонии Қазоқистон хабар дод.
-
Oct 01, 2018
Зоҳираш бештар монанди зиндони Бостили Фаронса аст. Сабки меъмориаш монанди биноҳои қаруни вустоии аврупоиҳо аст, аммо инҷо Фаронса нест, инҷо Эрон аст, қалъаи бостонии Шуш!
-
Oct 01, 2018
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо судури иттилоияе амалиёти ҳадаф қарор додани маҳалли истиқрори саркардагони ҷинояти террористии Аҳвоз (ҷануби ғарби Эрон) дар шарқи Фуроти Сурияро ташриҳ кард.
-
Oct 01, 2018
Мирзобек Шарипов, декани риштаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ синфхона ба синфхона гашта, ба духтароне, ки дар сар рӯймол ва дар тан либоси тоҷикӣ доштанд, ҳушдор додааст, ки ё либоси аврупоӣ бипӯшанд ваё аз донишгоҳ ихроҷ хоҳанд шуд. "Инҷо шаҳр аст, на қишлоқ. Мисли кампирҳои 70-сола эзор пӯшидаед,”- таъна задааст декан ба духтарони донишҷӯ.
-
Oct 01, 2018
Рӯзҳои 6-10 октябри соли равон дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Русия рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия баргузор мегарданд.
-
Sep 30, 2018
Марзуқ Машъон Алтайибӣ, нависандаи маъруфи Саудӣ аз ташкили як ҷибҳаи ҷадиди мухолифони режими ҳоким бар Арабистон бо номи Ҷунбиши басиҷи миллӣ хабар дод.
-
Sep 30, 2018
Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои тарҳе 24 гектар заминро барои сохти корхонаи тавлиди маводи тарканда дар Данғара ихтисос дод.