-
Эҳзори сафири Афғонистон дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон
Июн 13, 2020 12:25Сафири Афғонистон дар Теҳрон барои додани тавзеҳот дар бораи фаолияти бархе аз гурӯҳҳои дорои собиқаи зиддиэронӣ дар хоки он кишвар, ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд.
-
Таънаи сангини сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин ба ҳамтои амрикоӣ
Май 31, 2020 09:15Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар вокуниш ба интиқоди ҳамтои амрикоияш аз тасвиби қонуни амнияти миллии Гонконг дар парлумони Чин, қатли марди сиёҳпӯст ба дасти полиси Амрикоро ба ӯ ёдоварӣ кард.
-
Мӯсавӣ: Давлати Амрико аз нажодпарастӣ тақдир мекунад
Май 28, 2020 15:07Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо ишора ба куштори сиёҳпӯстон тавассути пулиси Амрико таъкид кард: Давлати Амрико аз нажодпарастӣ тақдир мекунад.
-
Ройзании Зариф бо сарпарасти Вазорати умури хориҷии Афғонистон дар бораи тафоҳуми сиёсӣ дар ин кишвар
Апрел 30, 2020 13:23Вазири умури хориҷии Эрон ва сарпарасти Вазорати умури хориҷии Афғонистон дар бораи охирин таҳаввулоти равобити дуҷониба, фароянди тафоҳуми сиёсӣ дар Афғонистон, мубориза бо густариши корона ройзанӣ ва табодули назар карданд.
-
Эрон: Вазири умури хориҷаи Амрико вазири "нафрат" аст
Апрел 27, 2020 09:47Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон якшанбешаб эълом кард: Дар даврони Вазорати хориҷаи Майк Помпео, ҷаҳон ноамнтар ва Амрико манфуртар ва ҳақиртар шудааст.
-
Ироқ аз Амрико ба Шӯрои амнияти Созмони Милал шикоят кард
Март 17, 2020 15:42Вазорати умури хориҷии Ироқ аз Амрико ба далели бомбаборони пойгоҳҳои артиш ва нерӯҳои низомии Ироқ ба Шӯрои амнияти Созмони Милал шикоят кард.
-
Маскав: Тарҳи тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон беарзиш аст
Март 03, 2020 16:06Вазорати корҳои хориҷии Русия эълом кард, дархости Амрико барои тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон дар Шӯрои амнияти Созмони Милал арзише надорад.
-
Эрон: сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо бо гуфтугӯ байни афғонҳо бадаст меояд
Март 01, 2020 11:03Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба имзои тавофуқ байни Амрико ва Толибон таъкид кард, тавофуқи сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо аз тариқи гуфтугӯи байни афғонҳо бо мушорикати гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар аз ҷумла Толибон ва бо дар назар гирифтани мулоҳизаҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бадаст хоҳад омад.
-
Мӯсавӣ: Дахолати Амрико дар умури Эрон хайрхоҳона нест
Ноябр 25, 2019 12:38Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, изҳорот ва дахолати мақомҳои амрикоӣ дар бораи нооромиҳои ахири Эрон, дӯстона ва хайрхоҳона бо миллат нест.
-
Мӯсавӣ: Кишварҳои муваллиди терроризм мушкилоти худсохтаро ба Эрон нисбат надиҳанд
Ноябр 24, 2019 14:56Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти беасос ва иттиҳомоти воҳии матраҳшуда аз сӯи бархе ширкаткунандагон дар иҷлоси "Гуфтугӯи Манама", зимни беарзиш хондани ин изҳорот, иттиҳомоти ворида ба Ҷумҳурии исломии Эронро мардуд хонд.