Pars Today
Ҳамкорамон Халилӣ ба баррасии мавзӯи интихоботи 11 октябр 2020 раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтааст, ки мешунавем.
Раиси комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон эълом кард,ки бо мушорикати 71 дар сад аз афроди воҷиди шароит дар райъдиҳии имрӯз то соати 15 ба вақти Душанбе, интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар баргузоршуда ба ҳисоб меояд.
Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз мушорикати ду миллиону 300 ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар дар шаш соати оғози раъйгирӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии имрӯз хабар дод.
Раъйгирии интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон дар сафорат ва консулгариҳои ин кишвар дар Русия аз соати 8 субҳ ба вақти Маскав оғоз шуд.
Муовини раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон аз ҳузури тоҷикистониҳои сокини гӯшаву канори Эрон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон барои ширкат дар ин давра аз интихобот хабар дод.
Муовини Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз мушорикати як миллиону 430 ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар дар 3 соати нахусти оғози раъйгирӣ дар интихоботи раёсатиҷумҳурии имрӯз хабар дод.
Шашумин давраи интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 8-и субҳи имрӯз дар Сафорати ин кишвар дар Теҳрон оғоз шудааст.
Шашумин давраи интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 6 субҳи имрӯз дар 68 ҳавзаи интихобии дохилӣ ва 39 маркази раъйгирӣ дар хориҷ аз ин кишвар оғоз шуд.
Дар остонаи 11 октябр ва баргузории раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардум аз интизороти худ аз раиси ҷумҳурии ояндаи ин кишвар мегӯянд.
Роҳбари Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон бо масъулини гурӯҳҳои байналмилалӣ, ки интихоботи 11 октябр дар Душанберо назорат мекунанд, мулоқот кард.