Октябр 11, 2020 16:31 Asia/Dushanbe
  • Мушорикат дар интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон ба 50 дарсад наздик шуд

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз мушорикати ду миллиону 300 ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар дар шаш соати оғози раъйгирӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии имрӯз хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, мақомоти Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар муддати 6 соат пас аз оғози раъйгирӣ, ду миллиону 300 ҳазор нафар аз афроди дорои шароити раъйдиҳӣ дар ин кишвар орои худро ба сандуқҳо рехтаанд.

Шумори афроди дорои шароити раъйдиҳӣ дар интихоботи имрӯзи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 900 ҳазор нафар эълом ва 3 ҳазору 375 марказ дар дохилу хориҷ аз ин кишвар барои раъйгирӣ аз ин афрод пешбинӣ шудааст.

 

Барчасп