Ҳузури тоҷикистониҳои муқими Эрон дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон барои раъйдиҳӣ
(last modified Sun, 11 Oct 2020 10:15:01 GMT )
Октябр 11, 2020 15:15 Asia/Dushanbe

Муовини раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон аз ҳузури тоҷикистониҳои сокини гӯшаву канори Эрон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон барои ширкат дар ин давра аз интихобот хабар дод.

Маъруфҷон Абдураҳмонов дар гуфтугӯ бо хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон гуфт, бо оғози шашумин давраи интихоботи президентии Тоҷикистон аз соати 8 субҳи имрӯз, афзун бар тоҷикистониҳои муқими шаҳри Теҳрон, шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар дигар манотиқи Эрон, шомили донишҷӯён ва афроди шоғил дар касбу корҳои мухталиф дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ҳузур ёфтаанд ва раъйи худро ба навбат ба сандуқ мерезанд.

Image Caption

 

Муовини раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бо ишора ба ҳузури намояндагони радиои тоҷикии Садои Хуросон дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон барои ширкат дар интихобот афзуд: Афзун бар тоҷикистониҳои муқими Эрон, шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба иллати маҳдудиятҳои парвозӣ дар шароити коронаӣ барои муддате дар Эрон мондагор шудаанд низ, дар ин интихобот ширкат мекунанд.

Image Caption

Маъруфҷон Абдураҳмонов афзуд, бо тавваҷуҳ ба густариши вируси корона ҳамаи протоколҳои беҳдоштӣ дар маҳалли сафорат риоят шудааст ва раъйдиҳандагон пеш аз вуруд ба сохтмони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, табсанҷӣ ва пас аз шустушӯи даст бо маводи зиддиуфуникунанда вориди маҳалли раъйгирӣ мешаванд.

Ӯ бо табрики шашумин давраи интихоботи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи тоҷикон, ин интихоботро маъракаи муҳими сиёсӣ барои интихоби раҳбари ояндаи ин кишвар донист ва аз касоне, ки бо ҳузур дар ин интихобот ҳисси масъулияти худро ба ояндаи сиёсии Тоҷикистон иброз мекунанд, қадрдонӣ кард.

Image Caption
Image Caption