-
Вазорати хориҷаи Эрон: Иқдомоти террористӣ шикасти тармимнопазири Исроилро ҷуброн намекунад
Апрел 03, 2024 09:52Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба инки иқдомоти террористӣ, шикасти тармимнопазири Исроил дар “Тӯфони Ал Ақсо”-ро ҷуброн намекунад, таъкид кард: Теҳрон ҳаққи машрӯъи худро барои посухи қотеъ ба иқдоми террористии ҳамла ба сохтумони бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро маҳфӯз медонад.
-
Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоб дар пайи шаҳодати сарлашкари посдор Муҳаммадризои Зоҳидӣ ва ҳамразмони шаҳидаш
Апрел 02, 2024 15:10Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёми таслиятӣ ба муносибати шаҳодати сардорони рашиди ислом дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Сурия таъкид карданд : Миллати Эрон саҳюнистҳоро аз ин ҷиноят ва амсоли он пушаймон хоҳад кард.
-
Идомаи маҳкӯмиятҳои байналмилалии ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ
Апрел 02, 2024 13:47Дар идомаи маҳкӯмиятҳои байналмилалии ҳамлаи террористии режими наслкуши Исроил ба бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ , кишварҳои Арабистон , Кувайт , Ироқ , Уммон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон , ин иқдоми режими ишғолгари саҳюнистиро маҳкӯм карданд.
-
Амирабдуллоҳиён : Масъӯлияти авоқиби ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ мутаваҷҷеҳи режим Исроил аст
Апрел 02, 2024 11:06Вазири хориҷаи Эрон ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро убӯр аз ҳамаи таъаҳҳудот ва Конвенсияҳои байналмилалӣ ва масъӯлияти авоқиби ин иқдомро мутаваҷҷеҳи режим саҳюнистӣ донист .
-
Сипоҳи посдорон аз шаҳодати Сардор « Зоҳидӣ » ва « Ҳоҷи Раҳимӣ » хабар дод
Апрел 02, 2024 10:58Равобити умумии кули Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе аз шаҳодати сардорон « Муҳаммадризои Зоҳидӣ » ва « Муҳамадҳоди Ҳоҷи Раҳимӣ » ва панҷ нафар аз ҳамроҳон дар ҷинояти террористии режими саҳюнистӣ дар ҳамлаи мушакӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ хабар дод .
-
Эрон нисбат ба навъи вокуниш ва танбеҳи режими мутаҷовизи Исроил тасмим мегирад
Апрел 02, 2024 10:41Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкӯмияти шадид ҳамлаи режими мутаҷовизи саҳюнистӣ ба сохтимони бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломӣ дар Димишқ , гуфт , Эрон зимни маҳфӯз донистани ҳуқуқи худ барои иттихози иқдомоти мутақобил , нисбат ба навъи вокуниш ва танбеҳи мутаҷовиз тасмим мегирад .
-
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон: Ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Сурия таҳдиди сулҳу амнияти байналмилалӣ аст
Март 29, 2024 17:04Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба манотиқе аз устони Ҳалаби Сурия, нақзи ошкори қавонину муқаррароти байналмилалӣ ва низ нақзи ҳокимияту тамомияти арзии ин кишвар ва таҳдиде ҷиддӣ зидди сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.
-
Таъкиди генерал Боқирӣ бар густариши ҳамкориҳои низомии Эрон ва Сурия
Март 19, 2024 14:32Раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, бар густариши ҳамкориҳои низомии Эрон ва Сурия таъкид кард.
-
Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон : Тавонманд шудани Сурия ба нафъи амният ва саботи минтақа аст
Март 18, 2024 11:45Дабири шӯрои олии амнияти миллӣ Эрон гуфт , тавонманд шудани Сурия ба нафъи амният ва саботи минтақа аст .
-
Ҳамлаҳои паҳподии муқовимати Ироқ ба мавзеъҳои Исроил дар Ҷавлони ишғолӣ
Март 09, 2024 10:43Муқовимати исломии Ироқ ҷумъашаб аз ҳамлаи паҳподӣ алайҳи пойгоҳи низомиёни саҳюнист дар Ҷавлони ишғолии Сурия хабар дод.