Апрел 02, 2024 11:06 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Масъӯлияти авоқиби ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ мутаваҷҷеҳи режим Исроил аст
    Амирабдуллоҳиён : Масъӯлияти авоқиби ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ мутаваҷҷеҳи режим Исроил аст

Вазири хориҷаи Эрон ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро убӯр аз ҳамаи таъаҳҳудот ва Конвенсияҳои байналмилалӣ ва масъӯлияти авоқиби ин иқдомро мутаваҷҷеҳи режим саҳюнистӣ донист .

Ба гузориши шабака “ Алъолам “ дар пайи таҷовузи дадманишонаи асри душанбе режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ , “ Вайсал Алмақдод “ вазири умӯри хориҷаи Сурия бо “ Ҳусайн Амирабдуллоҳиён “ вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон тамос гирифт .

Вазирони хориҷаи Эрон ва  Сурия дар ин тамоси телефонӣ абъоди мухталифи ин ҷиноятро баррасӣ карданд .

Алмақдоди ҳамалоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистиро ба шадидтарин иборат маҳкӯм кард ва онро нақзи фоҳиши муқаррароти байналмилалӣ ба вижа Конвенсияи равобити диплумотики 1961 Вена донист .

Амирабдуллоҳиён низ зимни ташаккур аз ҳузури вазири хориҷаи Сурия дар маҳали сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ , гуфт : “ Нитанияҳу ба далели шикастҳои пай дар пайи режими Исроил дар Ғазза ва  даст наёфтан ба аҳдофи ҷоҳталабонаи саҳюнистҳо , таъодули равонии худро комилан аз даст додааст “ .

Вазири умӯри хориҷаи Эрони ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро убӯр аз ҳамаи таъаҳҳудот ва  Конвенсияҳои байналмилалӣ донист ва  масъӯлияти авоқиби ин иқдомро мутаваҷҷеҳи режим саҳюнистӣ донист ва бар зарурати вокуниши ҷаддии ҷомеъаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин гӯна иқдомоти ҷинояткорона таъкид кард .

Барчасп