Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон : Тавонманд шудани Сурия ба нафъи амният ва саботи минтақа аст
(last modified 2024-03-18T06:45:59+00:00 )
Март 18, 2024 11:45 Asia/Dushanbe
  • Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон : Тавонманд шудани Сурия ба нафъи амният ва  саботи минтақа аст

Дабири шӯрои олии амнияти миллӣ Эрон гуфт , тавонманд шудани Сурия ба нафъи амният ва саботи минтақа аст .

Ба гузориши Ирно , « Алиакбари Аҳмадён » намояндаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва  Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи якшанбе дар дидори « Алимаҳмуди Аббос » вазири дифои Сурия дар Теҳрон бо ишора ба равобити мустаҳками ду кишвар, ки аз баъди  пирӯзии инқилоби исломӣ оғоз шудааст , аз муқовимати миллату давлати Сурия ба унвони узвӣ аз меҳвари муқовимат дар баробари режими наслкуши Исроил ва  гурӯҳҳои террористӣ таҷлил кард .

Намояндаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва  Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳамчунин бо ёдоварии ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва  Сурия дар заминаҳои мухталиф , бар густариши равобити ду кишвар дар ҳамаи абъод ба вижа дар ҳавзаи иқтисодӣ таъкид кард .

« Алимаҳмуди Аббос » вазири дифои Сурия низ бо таъкид бар тавсеаи равобити Дамишқ бо Теҳрон дар ҳамаи абъод ва  қадрдонӣ аз ҳимоятҳои давлату миллати Эрон аз Сурия дар солҳои мубориза бо террористҳои такфирӣ ва ДИИШ гуфт , равобити дукишвар аз ибтидои Пирӯзии инқилоби исломии Эрон шакл гирифт ва ҳамчунон идома дорад . 

Барчасп