Апрел 02, 2024 15:10 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоб дар пайи шаҳодати сарлашкари посдор Муҳаммадризои Зоҳидӣ ва  ҳамразмони шаҳидаш
    Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоб дар пайи шаҳодати сарлашкари посдор Муҳаммадризои Зоҳидӣ ва ҳамразмони шаҳидаш

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёми таслиятӣ ба муносибати шаҳодати сардорони рашиди ислом дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Сурия таъкид карданд : Миллати Эрон саҳюнистҳоро аз ин ҷиноят ва амсоли он пушаймон хоҳад кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ , ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоб исломӣ афзуданд : Сардори рашиду фидокори ислом , сарлашкари посдор « Муҳаммадризои Зоҳидӣ »ва  ҳамразми бузургвораши сардор « Муҳамадҳоди Ҳоҷи Раҳимӣ » бо ҷинояти режими ғосиб ва  манфӯри саҳюнист ба шаҳодат расиданд .

Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ фармӯданд : Салому раҳмати Худо ва  авлиёаш бар онону дигар шаҳидони ин ҳодиса , ва  лаънату нафрин бар сардамдорони режими золиму мутаҷовизи Исроил ; шаҳидон аз Худованди меҳрбони худ , нишони қабули муҷоҳидати дарозмуддати худро дарёфт карданд ва ҳамакнӯн дар ҷамъи авлиёъ, мутанаъим ба неъмалоҳанд .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд : Диловармардони ислом режими хабису наслкуши Исроилро муҷозот ва онҳоро аз ин ҷиноят ва  амсоли он пушаймон хоҳанд кард.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ асри дирӯз ( душанбе ) бахши консулии сафорати Эрон дар хиёбони Алмазаи Димишқро ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор доданд .

Бар асари ин таҷовуз ҳафт нафар аз аъзои дипломотик ва нерӯҳои вобастаи низомии Эрон ба шаҳодати расиданд .

Барчасп