Март 29, 2024 17:04 Asia/Dushanbe
  • Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон
    Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба манотиқе аз устони Ҳалаби Сурия, нақзи ошкори қавонину муқаррароти байналмилалӣ ва низ нақзи ҳокимияту тамомияти арзии ин кишвар ва таҳдиде ҷиддӣ зидди сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.

Бар асари ҳамлаи ҳавоии панҷшанбешаби режими саҳюнистӣ ба манотиқе аз устони Ҳалаби Сурия, шуморе аз неруҳои низомиву ғайринизомии сурӣ ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни ибрози таслияту ҳамдардӣ бо давлату миллати Сурия, ба вижа хонаводаҳои шуҳадову осебдидагони ин ҳамалоти дадманишона афзуд, ҳамалоти режими наслкуши Исроил ба Сурия, нақзи ошкори қавонину муқаррароти байналмилалӣ ва низ нақзи ҳокимияту тамомияти арзии ин кишвар ва таҳдиде ҷиддӣ зидди сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ буда ва зарурӣ аст ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид илова бар маҳкум кардани ин ҳамалоти мутаҷовизона, иқдомоти боздоранда анҷом додаву режими мутаҷовизи саҳюнистиро посухгӯ кунанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ёдоварии шикасту беобрӯии режими ғосиби саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза гуфт, ҳамалоти мутаҷовизона ба Сурия талоше забунонаву ноумедона барои идомаи густариши буҳрон дар минтақа бо ҳадафи тармими чеҳраи шикастхӯрдаи ин режим дар муқобили миллати Фаластин ва гуруҳҳои муқовимат аст ва муқобила бо ин моҷароҷӯии хатарноку ноқизи амнияту суботи минтақа, як масъулияти байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ аст.

 

Барчасп