Апрел 29, 2024 10:08 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии раиси Ҷумҳур ба муносибати қаҳрамонии тими миллии футсоли Эрон дар Осиё

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пирӯзии муқтадирона ва ғурӯрангези тими миллии футсоли Эрон ва касби мақоми қаҳрамонии рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё 2024 дар Тайланд ва эҳтизози парчами пурифтихори низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эронро табрик гуфт .

Ба гузориши пойгоҳи иттилоъ расонии раёсати Ҷумҳурӣ , « Сайид Иброҳими Раисӣ » раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёмӣ бо табрики қаҳрамонии тими миллии футсоли Эрон дар Осиё , аз якояки аъзои тими миллӣ , мураббион , кадри фаннӣ ва соири талошгарони ҳавзаи варзишии кишвар барои касби ин унвони арзишманд , қадрдонӣ кард .