-
Омодагии ҳавошиносии Эрон барои ҳамкории муштарак бо Тоҷикистон
Июн 11, 2024 11:27Раиси Созмони ҳавошиносии Эрон дар дидори узви кабинаи давлати Тоҷикистон ва теъдоде аз аъзои Кумитаи давлатии мудирияти замин ва геодизияи ин кишвар, аз омодагии ҳавошиносии Эрон барои ҳамкории муштарак бо Тоҷикистон хабар дод.
-
видео / Таваллуди нахустин тулаи паланги сиёҳ дар Эрон
Июн 11, 2024 11:15Танҳо паланги сиёҳ дар Эрон, ки дар боғи ҳайвоноти Сафодашти Албурз нигаҳдорӣ мешаванд, соҳиби фарзанд шуданд.
-
Таъкиди Эрон бар таваққуфи фаврии ҳамлаҳои режими наслкуши Исроил ба борикаи Ғазза
Июн 11, 2024 11:05Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон бар таваққуфи фаврии ҳамлаҳои режими наслкуши Исроил ба борикаи Ғазза ва ташкили нишасти вежаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид барои баррасии ҷиноятҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ таъкид кард.
-
Истиқбол аз ғурфаи Эрон дар Намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ ва ғизоҳои миллӣ дар Тоҷикистон
Июн 11, 2024 10:48Ғурфаи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ ва ғизоҳои миллӣ мавриди таваҷҷуҳ ва истиқболи вежаи боздидкунндагон қарор гирифт.
-
Таҳлил ; Роҳкорҳои Эрон дар иҷлоси БРИКС роҳгушои таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ
Июн 11, 2024 10:13Аввалин иҷлоси БРИКС пас аз узвияти Эрон , дар шароите дар шаҳри “ Нижний Новгород “ Русия баргузор мешавад ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин нишаст роҳкорҳои худ дар мавриди таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалиро матраҳ мекунад .
-
гузориш: БРИКС - ёдгори давлати сездаҳуми Эрон
Июн 11, 2024 07:53Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, узвият дар БРИКС, бахше аз ҳадафҳои сиёсати хориҷии давлати сездаҳум буд, ки дар чорчуби чандҷонибагароӣ амалӣ шуд.
-
Тавонмандиҳои Эрон дар заминаи нақшабардорӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад
Июн 11, 2024 07:45Раиси Созмони нақшабардории Эрон эълом кард: Зарфиятҳо ва тавонмандиҳои Созмони нақшабардории Эрон дар ихтиёри Кумитаи давлатии мудирияти замин ва геодизияи ҷумҳурии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.
-
Теҳрон баёнияи зиддиэронии раисони ҷумҳури Амрико ва Фаронсаро маҳкум кард
Июн 11, 2024 06:46Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, баёнияи зиддиэронии раисони ҷумҳури Амрико ва Фаронсаро бепояву асос ва дорои аҳдоф ва ангезаҳои сиёсӣ ва дар идомаи сиёсатҳои шикастхӯрдаи пешин донист.
-
Имзои 44 санади ҳамкори миёни Эрон ва Тоҷикистон дар се соли ахир
Июн 10, 2024 17:38Сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт: Бо сафари раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар се соли гузашта 44 санади ҳамкори байни ду кишвари имзо шуда аст.
-
Рушди муносиботи Теҳрон ва Пекан дар қолаби БРИКС ва Шанхай
Июн 10, 2024 17:37Намояндагони Эрон ва Чин дар нишасти вазирони умури хориҷаи гуруҳи БРИКС дар Русия дар бораи мавзуъоти дуҷониба, минтақа ва байналмилалӣ ва низ рушди муносиботи Теҳрон ва Пекан гуфтугу карданд.