Рузгори васл
https://parstoday.ir/uz/news/uncategorised-i9721-Рузгори_васл
Ассалом ай дуст ай чонони ман Ассалом Ирониву Ирони ман
(last modified 2018-08-22T13:18:38+00:00 )
декабр 01, 2016 10:05 Asia/Tashkent
  • Рузгори васл
    Рузгори васл

Ассалом ай дуст ай чонони ман Ассалом Ирониву Ирони ман

Мекунам шукронаи дидори ту

 

Буса кардам сангу хоку хори ту

 

Солхо бо орзуят зистам

Кай туро дидам ба буят зистам

 

Карнхо бигзашт дур аз хонаем

Хамнишин би мардуми бегонаем

 

Як нафас бе ёди ту берун нашуд

Хеч Лайлоро чунин Мачнун нашуд

 

Дуст медорам Хуросони туро

Ин харам ин каъбаи чони туро

 

Пораи чони Наби дар чони туст

Ин харам сармояи имони туст

 

Чун мусалмонон асири нон шуданд

Ахли байти Мустафо курбон шуданд

 

Ишк рафту илм рафту ном рафт

Он шукухи миллати ислом рафт

 

Боз хуршед аз дилат тобанда шуд

Ишку имону амал сарзинда шуд

 

Мурги хак з-ин равза дар парвоз шуд

Инкилоби дигаре огоз шуд

 

Рузгори васли чонон омадаст

Юсуфи гумгашта Канъон омадаст

 

Омадам инак салом, ай шахриёр

Мешиносиям ? Манам Исфандиёр !

 

Чон ниходам дар кафи дастони ту

Баъд аз ин дасти ману домони ту