Шабакаи саҳюнистӣ : Яман фарқ дорад ; наметавонем ин кишварро шикаст диҳем
(last modified Sat, 17 May 2025 06:29:58 GMT )
Май 17, 2025 11:29 Asia/Dushanbe
  • Шабакаи саҳюнистӣ : Яман фарқ дорад ; наметавонем ин кишварро шикаст диҳем

Порстудей - Як шабакаи ибризабони исроилӣ ҷумъа ба қудрати муқовимати Яман дар баробари режими саҳюнистӣ эътироф кард ва ёдовар шуд ки яманиҳоро наметавон шикаст дод .

Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки амалиёти Яман мумкин аст боис шавад ин режим ба самти тавофуқи оташбас ва таваққуфи ҷанг дар борикаи Ғазза ҳаракат кунад . Дар ин гузориш ҳамчунин омада, ки мавзеи Яман дар ҳимоят аз Ғазза ва идомаи амалиёти яманиҳо алайҳи сарзаминҳои ишғолӣ ва муҳосираи ҳавоиву дарёии режими саҳюнистӣ собиту ғайриқобили тағйир аст . Ин шабакаи саҳюнистӣ иқрор кард,ки Тел-Авив бояд ҷанг дар Ғаззаро мутаваққиф кунад , зеро хароҷотҳои зиёде пардохт кардааст .