Ҳамлаи ракетии Сароё ал-Қудс ба сарзаминҳои ишғолӣ
Июл 18, 2025 17:50 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Сароё ал-Қудс, шохаи низомии ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин аз ҳамлаи ракетӣ ба бархе манотиқи сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.
Сароё ал-Қудс эълом кард, ки дар ҳамлаи ракетӣ манотиқи Сдерот, Мефалсим ва Нийръоз дар атрофи Ғаззаро ҳадаф қарор додааст.
Артиши режими саҳюнистӣ низ муддаӣ шуд, ки 2 ракетаро раҳгирӣ кардааст. Манобе саҳюнистӣ мегӯянд, ки ожирҳои хатар дар ин манотиқ ба садо даромадааст. /ИРНА
Барчасп