Тавофуқи Эрону Қазоқистон барои идомаи машваратҳо
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122684-Тавофуқи_Эрону_Қазоқистон_барои_идомаи_машваратҳо
Порс тудей - Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар тамоси телефонӣ бо Ермек Кошербоев, вазири умӯри хориҷаи Қазоқистон охирин вазъияти равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақаиро мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор доданд.
(last modified 2025-11-01T12:59:42+00:00 )
Ноябр 01, 2025 17:51 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрону Қазоқистон барои идомаи машваратҳо

Порс тудей - Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар тамоси телефонӣ бо Ермек Кошербоев, вазири умӯри хориҷаи Қазоқистон охирин вазъияти равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақаиро мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор доданд.

Аббоси Ироқчӣ-вазири умӯри хориҷаи Эрон зимни табрики таъини Кошербоев , ҳамкориҳои созанда бо вазири хориҷаи пешини Қазоқистонро ёдоварӣ ва ибрози умедворӣ кард, ки ин ҳамкории наздик дар давраи нав низ идома ёбад. Тарафҳо бо ишора ба пешинаи мусбату созандаи равобити ду кишвар бар иродаи муштарак барои густариши ҳамаҷонибаи муносибот дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд. Дар ҷараёни ин гуфтугуи телефонӣ ду вазир ҳамчунин бар аҳамияти ҳузури фаъолу мушорикати муассир дар созмонҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ , аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ ( ЭКО ) таъкид карданд ва бар идомаи ройзаниҳову машваратҳо дар ин замина тавофуқ намуданд.