-
Амрико : Музокирот бо Эрон ҳамчунон созандааст
Май 28, 2025 07:51Порстудей - Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Амрико шомогоҳи сешанбе ба вақти маҳаллӣ эълом кард, ки музокироти ғайримустақим миёни Иёлоти муттаҳида ва Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунон созандааст.
-
Вокуниши Ироқчӣ ба мавзегирии Британия дар мавриди « ғанисозии сифр » дар Эрон : дигар чизе барои гуфтугу боқӣ намемонад
Май 28, 2025 06:42Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрони шомгоҳи сешанбе гуфт : Агар мавзеи Британия дар бораи ғанисозии сифр дар Эрон бошад , дар ин сӯрат дигар мавзӯе байни мо барои гуфтугу дар бораи парвандаи ҳастаӣ боқӣ намемонад .
-
Эрону Русия : Муносиботи дуҷониба дар чорчӯби Муоҳидаи ҷомеъи роҳбурдӣ бояд тавсеъа ёбад
Май 28, 2025 06:24Порстудей - Дабири Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дар сафар ба Маскав бо Николай Патрушев, дастёри вижаи раиси Ҷумҳурии Русия дар бораи тавсеаи муносиботи дуҷониба дар чорчӯби Муоҳидаи ҷомеъи роҳбурдии ду кишвар дидору гуфтугу кард.
-
Бозтоби баёноти раҳбарӣ дар бораи нақши Покистон дар Фаластин
Май 27, 2025 12:48Порс-Тудей. Баёноти Раҳбари инқилоби исломӣ дар бораи аҳамияти нақши Покистон дар масъалаи Фаластин, ки дар дидори нахуствазири Покистон дар Теҳрон матраҳ шуд, бозтоби густардае дар расонаҳои навишториву электронии Покистон доштааст.
-
Азми Эрону Покистон барои нобудии терроризм дар ду сӯи марзҳо
Май 27, 2025 12:43Порс-Тудей. Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бар азми қотеи Эрону Покистон барои нобудии терроризм дар ду сӯи марзҳо таъкид кард.
-
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Теҳронро ба мақсади Масқат тарк кард
Май 27, 2025 12:37Порс-Тудей. Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба манзури анҷоми сафаре дурӯза, озими Масқат - пойтахти Уммон шуд.
-
Боқӣ мондани Муҳаммадбоқири Қолибоф ба унвони раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон барои як соли дигар
Май 27, 2025 08:20Порс-Тудей. Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибофро дар иҷлосияи дувуми маҷлиси дувоздаҳум, бори дигар ба унвони раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ интихоб карданд.
-
Барафрошта шудани парчами Фаластин дар Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ
Май 27, 2025 07:14Порс-Тудей. Дар пайи раъйгирии рӯзи душанбе (панҷуми хурдодмоҳ), ҳайати фаластинӣ муваффақ шуд ҳаққи барафроштани парчами Фаластин дар Созмони Беҳдошти Ҷаҳониро ба даст оварад.
-
Нахуствазири Покистон: Мутааҳҳид ба таҳкими ҳамкориҳои роҳбурдӣ бо Эрон ҳастем
Май 27, 2025 06:42Порс-Тудей. Нахуствазири Покистон пас аз дидорҳои рӯзи душанбеи худ бо Раҳбари инқилоби исломӣ ва раиси Ҷумҳури исломии Эрон, дар паёме навишт: Мо ба ҷойгоҳи муҳими Эрон дар миёни уммати исломӣ аҳамияти болое қоил ҳастем ва тааҳҳуди худро барои тақвияти ҳамкориҳои стратегӣ бо Эрон барои сулҳу амнияти минтақаӣ эълом мекунем.
-
Таъкиди имом Хоманаӣ бар лузуми иқдомоти таъсиргузор барои мутаваққиф кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза
Май 27, 2025 05:05Порс Тудей - Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ дар дидори Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистону ҳайати ҳамроҳ бо ишора ба ҷойгоҳи вижаи Покистон дар маҷмуаи дунёии ислом бар лузӯми фаъолиятҳои муштараку таъсиргузори Эрону Покистон барои мутаваққиф кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза таъкид карданд.