Март 29, 2023 10:53 Asia/Dushanbe
  • Қазовати доварони эронӣ дар футболи интихобии олимпии бонувони Осиё

Конфедерасиюни футболи Осияё аз қазовати ду довари эронӣ дар мусобиқоти интихобии олимпии бонувони Осиё хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, рақобатҳои марҳалаи аввали интихобии олимпии футболи бонувони Осиё дар гуруҳи E аз 5 то 11 апрел дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва бо эъломи Конфедерасиюни футболи Осиё, Маҳнози Закоӣ ба унвони довар ва Инсия Хабоз Мофинажод ба унвони кумакдовар ин рақобатҳоро қазоват мекунанд.

Ҳамчунин Ҳомиди Муъминӣ ба унвони намояндаи мусобиқот ҳузур дорад.

Тими миллии футболи бонувони Эрон дар гурӯҳи B бо тимҳои Мянма, Бангладеш ва Молдова ҳамгуруҳ аст.

 

 

 

 

 

 

Барчасп