Шаҳодати мусташори низомии Эрон дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Сурия
Посдор Мелоди Ҳайдарӣ, аз мусташорони низомии Эрон дар ҳамлаи ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ба атрофи Димишқ, пойтахти Сурия ба шаҳодат расид.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар иттилоияе бо маҳкумияти сукут ва беамалии ҷомеаи муассири ҷаҳонӣ дар қиболи ҷиноятофариниҳову таҷовузоти мукаррари режими саҳюнистӣ ва идомаи нақзи ҳокимияту тамомияти сарзаминии як кишвари мустақили узви СММ таъкид кард: Бетардид режими ҷаъливу ҷинояткори саҳюнистӣ посухи ин ҷиноятро дарёфт хоҳад кард.
Бомбафканҳои режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз (ҷумъа) чанд ҳадафро дар Димишқ бомбаборон карданд.
Бинобар эъломи расонаҳои сурӣ, минтақаи Алдимос мавриди ҳамлаи бомбафканҳои мутаҷовизи режими саҳюнистӣ қарор гирифтааст.
Падофанди ҳавоии артиш Сурия тавонист чанд фарванд аз ракетаҳои шилликшударо раҳгирӣ ва мунҳадим кунад.