Апрел 17, 2023 17:43 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Ситоди ҳуқуқи башари Эрон дар хусӯси ҳимоят аз зиндониён

Ситоди ҳуқуқи башари Эрои гузорише аз аҳаммияти иқдомоти анҷом шуда дар ҳимоят аз зиндониёну хонаводаҳои онон дар ду соли гузашта мунташир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар гузориши Ситоди ҳуқуқи башари Эрон омадааст, 230 анҷумани ҳимоят аз зиндониён дар саросари Эрон фаъолият доранд ва ба зиндониёну хонаводаҳои ниёзманди онон хадамот ироа медиҳанд.

Ин гузориш меафзояд, теъдоди 96 ҳазору 244 хонаводаи зиндонӣ дар ду соли гузашта, таҳти пӯшиши анҷуманҳои ҳимоят аз зиндониён қарор гирифта ва аз хадамоти мутанаввеъи ин маҷмӯа истифода кардаанд.

Дар гузориши Ситоди ҳуқуқи башари Эрон тасреҳ шудааст, дар ростои озодии зиндониён, иқдомоти қобили мулоҳизае, аз ҷумла пардохти вомҳои билоиваз ба зиндониёни воҷиди шароит, кумак ба ахзи ризоят аз шокиён, кумак ба озодӣ аз тариқи побанди электронӣ ва кумак ба ахзи вакил барои зиндониён ва пардохти ҳаққи ваколат, ба ҳудӯди се ҳазор зиндонӣ аз сӯи анҷуманҳои ҳимоят анҷом шудааст.

Пардохт кумакҳои нақдӣ ва ғайринақдии анҷуманҳои ҳимоят ба зиндониёну хонаводаҳои онон, баргузории давраҳои ҳирфаии омӯзӣ ва иштиғол барои зиндониёну хонаводаҳои онон, муаррифии хонаводаи зиндониён ба ниҳодҳои ҳимоятӣ, пайгирии парвандаи қазоии зиндониён, мулоқот бо хонаводаҳои зиндониён, боздид аз зиндонҳо бо ҳадафи шиносоӣ ва кумак ба зиндониёни ниёзманд, ироаи хадамоту мушовараи ҳуқуқӣ, аз дигар хадамоти анҷуманҳои ҳимояти зиндониён аст, ки дар гузориши Ситоди ҳуқуқи башари Эрон ба он ишора шуд.

 

Барчасп