Вазири дифои Эрон: Сулҳ ва амнияти пойдор аз аҳдофи дипломатии дифоӣ дар Маскав буд
(last modified Wed, 26 Apr 2023 05:55:11 GMT )
Апрел 26, 2023 10:55 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Эрон: Сулҳ ва амнияти пойдор аз аҳдофи дипломатии дифоӣ дар Маскав буд

Вазири дифо Эрон гуфт, музокироти чаҳорҷонибаи Русия, Эрон, Туркия ва Сурия бо ҳадафи муҳимми дастёбӣ ба сулҳу амнияти пойдор дар минтақа сӯрат гирифт.

Амири сартип Муҳаммадризои Қароии Оштиёнӣ, вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои ширкат дар нишасти чаҳорҷонибаи оддисозии равобити Сурия ва Туркия ба Маскав сафар кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири дифои Эрон пас аз ширкат дар нишаст ва гуфтугӯҳои ҷудогона бо вазирони дифои Русия, Туркия ва Сурия таъкид кард, талоши Эрону Русия барои оддисозии равобити Туркия ва Сурия аз аҳдофи нишасти чаҳорҷонибаи Маскав буд.

Вазири дифои Эрон тасреҳ кард, Ҷумҳурии исломии Эрон иҳтимоми ҷиддӣ барои гуфтгӯи мустақим байни Сурия ва Туркия ба унвони ду кишвари ҳамсоя ва таъсиргузор дар минтақа дорад.

Сартип Оштиёнӣ бо баёни инки Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони кишвари таъсиргузор дар муодилоти минтақа, ҳамвора барои сулҳу суботу амният дар минтақа талоши худро ба кор бастааст, афзуд, иқдоми амалии ҳузури Эрон дар нишасти  чорҷонибаи Маскав, мисдоқи айнии ин мавзӯ аст.

Вазири дифо Эрон гуфт, мубориза бо ашколи мухталифи тероризм хостаи ҳамаи миллатҳои минтақа аст ва ин мавзӯ ҷуз бо ташрики ҳамоҳангӣ ва ҳамроҳии кишварҳои минтақа ҳосил нахоҳад шуд.

Музокироти чаҳорҷонибаи вазирони дифои Русия, Ҷумҳурии исломии Эрон, Сурия ва Туркия сешанбе (25 апрел) дар Маскав баргузор шуд.

 

Барчасп