Апрел 26, 2023 19:30 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти қоиқронӣ дар Самарқанд
    Мусобиқоти қоиқронӣ дар Самарқанд

Дар оғози мусобиқоти обҳои ороми қаҳрамонии зери 23 сол ва ҷавонону параканои Осиё дар Самарқанди Узбакистон, миллипӯшони Эрон 2 тилло ва 2 нуқра касб карданд.

Ба гузориши гуруҳи варзишии Хабаргузории садо ва симо, ба нақл аз Федератсиюни қоиқронӣ, мусобиқоти обҳои ороми қаҳрамонии зери 23 солу ҷавонону параканои Осиё аз субҳи имрӯз дар Самарқанди Узбакистон оғоз шуд.

Тараннуми Акбарзода дар каяки якнафараи 1000 метрии ҷавонон дар рақобат бо ҳарифоне аз Ҳинд, Узбакистон, Қирғизистон, Таиланд ва Қазоқистон пас аз қоиқрони Узбакистон бо замони 4: 27. 165 дақиқа дар ҷойгоҳи дувум истод ва соҳиби медали нуқра шуд.

Ва Шаҳло Беҳрӯзирод дар KL 3500 метрии бонувон дар рақобат бо ҳарифоне аз Қазоқистон, ду ҳариф аз Ҳинд ва Узбакистон бо замони 2: 22. 458 дақиқа дар ҷойгоҳи нахуст истод ва соҳиби медали тилло шуд.

 

Барчасп