Май 02, 2023 09:09 Asia/Dushanbe
  • Даромади 50 миллиард долларии саноъати нафту  химияи Эрон дар панҷ соли гузашта

Мудири омили ширкати сармоягузории таъмини иҷтимои Эрон ( ШАСТО ) аз арзоварии 50 миллиард долларии саноъати петрошими(нафту химияи Эрон) дар панҷ соли гузашта хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонброҳими Бозён, мудири омили ширкати сармоягузории таъмини иҷтимои Эрон ( ШАСТО ) дар чаҳордаҳумини ҳамоиши байналмилалии саноъати петрошимӣ дар Теҳрон бо ишора ба арзишофарин будани санъати петрошимӣ дар иқтисоди кишвар гуфтн санъат дар авҷи таҳримҳо ба кумаки иқтисоди Эрон омад ва дар панҷ соли гузашта 50 миллиард доллар арзоварӣ барои кишвар ба ҳамроҳ дошт .
Бозён тасреҳ кард имрӯзи зарфияти насбшудаи санъати петрошимии Эрон ба 92 миллион тон расида, ки қарор аст то поёни соли ҷорӣ ин мизон ба 95 миллион тон бирасад .
Бозён афзуд ин зарфият дар як чашмандоз миёндаст қобили афзоиш ба яку ним то ду баробар аст ,то битавонад тавсеаи мутавозин дар бахшҳои болодаст, миёндаст ва поиндастро ба ҳамроҳ дошта бошад.
Душманони мардуми Эрон аз замони пирӯзии Инқилоби исломӣ ҳамвора бо таҳримҳои золимонаи дар пайи зарба задан ба иқтисоди кишвар ҳастанд ва аз таҳрими ҳеҷ саноъатӣ низ фурӯгузорӣ накардаанд ; аз ин рӯ бӯмисозии таҷҳизот ҳамвора дағдағаи санъати нафти Эрон буда ва ин санъат пас аз 44 сол умри Инқилоби исломии Эрон ба худкифоии 85 дарсадӣ дар сохти таҷҳизоти мавриди ниёзи санъати нафт, газ ва петрошимӣ расидааст.
Ин худкифоӣ боис шудааст  Ҷумҳурии исломӣ раванди чашмгире дар содироти ин маҳсулот дошта бошад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп