Май 06, 2023 10:11 Asia/Dushanbe
  • Рушди содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисии саноъати барқ ба Ироқ

Вазири неруи Эрон мушорикати кишварҳои минтақа барои баҳрагирӣ аз фанновариҳои навин дар муқобила бо камобиро муассир донист ва гуфт : Мубодилоти қобили таваҷҷӯҳе дар заминаи содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ дар ҳавзаи саноъати барқ байни Эрону Ироқ сурат гирифтааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Алиакбари Меҳробиён-вазири неруи Эрон ва раиси Шӯрои ҳуккоми маркази минтақаии мудирияти оби шаҳрии вобаста ба ЮНЕСКО рӯзи ҷумъа пас аз дидор бо Зиёдалӣ Фозил-вазири барқи Ироқ дар Бағдод бо баёни инки аз гузашта табодули барқ байни ду кишвари Эрону Ироқ барқарор будааст, тасреҳ кард : Дар ҳамин росто зарфиятҳои табодули барқ байни ду кишвар афзоиш ёфта ва дар заминаи содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ мубодилоти қобили таваҷҷӯҳе сурат гирифтааст.
Меҳробиён бо баёни инки мутахассисони саноъати барқи Эрон ва ширкатҳои эронӣ нерӯгоҳҳоеро дар кишвари Ироқ сохтаанд, афзуд : Дар канори табодули таҷриба дар хусӯси фроянди таъмиру нигаҳдории нерӯгоҳҳо, тавсеаи шабакаву ғайра  дар ин сафар зимни дидор бо мақомоти масъӯли ироқӣ, музокироти хубе дар ин замина барқарор шуд

.Бар асоси ин гузориш сеюмин конфаронси байналмилалии оби Бағдод бо ҳадафи дастёбӣ ба роҳи ҳалҳои муштарак ҷиҳати муқобила бо камобӣ дар шароити тағйири иқлим имрӯз оғоз ба кор мекунад .
Вазири неруи Ҷумҳурии исломии Эрон,ки ба даъвати вазири манобеи оби Ироқ дар ин рӯйдод ширкат карда дар Бағдод эълом кард : Эрон омодааст таҷориби худро дар заминаҳои мухталифи обу энержӣ бо кишварҳои ҳамсоя ба вижа Ироқ дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои ҳамаҷониба ба иштирок бигузорад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп