Май 16, 2023 20:18 Asia/Dushanbe
  • Устондорони Хуросони Разавӣ ва Хатлон бар сармоягузории мутақобили Эрон ва Тоҷикистон таъкид карданд
    Устондорони Хуросони Разавӣ ва Хатлон бар сармоягузории мутақобили Эрон ва Тоҷикистон таъкид карданд

Устондорони Хуросони Разавӣ ва вилояти Хатлони Тоҷикистон дар нишасти муштарак бар рушди сармоягузории мутақобил ба вижа дар бахши гардишгарӣ миёни ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, устондори Хуросони Разавӣ рузи сешанбе дар ин нишаст гуфт: Муҳимтарин зарфияти мутақобили ду кишвар бахши хешованди ва фарҳангӣ аст ва бар ин асос замина барои рушди ҳамаҷониба ба вижа дар бахши сармоягузори ва гардишагрӣ фароҳам аст.

Яқубалии Назарӣ бо ишора ба сафарии кори қаблии худ ба Тоҷикистон ва вилояти Хатлон ва боздиди рузигузаштаи ҳайати Тоҷикистон аз Хуросони Разавӣ афзуд: Ин боздидҳо заминаи таъомулоти фарҳангӣ ва иқтисодии байни ду кишварро афзоиш дода аст.

Устондори Хуросони Разавӣ хитоб ба раиси вилояти Хатлон гуфт: Бар асоси ниёз ва алоқаи шумо омодаи иқдоми муштараки иқтисодӣ дар бахши хусуси низ ҳастем.

Раиси вилояти Хатлон низ дар ин нишаст гуфт: Шиносоӣ ва имконоти бародарони Хуросони Разавӣ барои мо ҷолиб ва ҷазоб аст.

Давлатали Саъид афзуд: Тамоми шароит омодаи ҳамкории муштарак аст ба вижа дар бахши сармоягузори, ки мавриди алоқаи тарафайн аст.

Барчасп