Май 21, 2023 11:11 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Вазорати умури хориҷаи Эрон ба иддаоҳои воҳи дар бархе қатномаҳои нишасти сарони иттидоияи араб
    Вокуниши Вазорати умури хориҷаи Эрон ба иддаоҳои воҳи дар бархе қатномаҳои нишасти сарони иттидоияи араб

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иттиҳомоти ворида ва иддаҳои воҳи дар бархе қатномаҳои содир шудаи нишасти 32 сарони иттиҳодияи араб зимни ибрози таъсуфи амиқ тарҳи иддаоҳои мазкурро ҳаракат дар масири нофарҷом гузаштаи ин иттиҳодияи донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иттиҳомоти ворида ва иддаҳои воҳи дар бархе қатномаҳои содиршудаи нишасти 32 сарони иттиҳодияи араб таъкид кард: Интизор мерафт иттиҳодияи араб бо иҷтиноб аз тарҳи бархи иддаоҳои такрори ва малоловар дар қатномаи худ гоми мусбат ва созанда дар ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва тақвияти ҳамгароӣ минтақа бардорад.

Канъонӣ дар айниҳол аз руйкарди созандаи бархе кишварҳои минтақа ҷиҳати афзоиши ҳамкориҳо ва авлавиятбахш ба гуфтугу ва тафоҳуми муштарак истиқбол кард.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба дидгоҳи бархе ширкаткунандагон дар нишасти Ҷада ибрози умедвори кард, ки минтақа шоҳиди руйкарди ҷадиди мубтани бар дусти ва тарвиҷи ҳамкори миёни кишварҳои он бошад.

Канъонӣ таъкид кард: Ҳамкории ҷамъи кишварҳои минтақа ва созандаги ва амнияти дарунзо муалифаҳои асоси барои таквини назми навин дар минтақа аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора онро як зарурияти минтақаӣ дониста аст.

Барчасп