Июн 03, 2024 13:24 Asia/Dushanbe
  • Пажуҳишгари баҳрайнӣ : Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) “ эътимод ба нафас “ро ба уммати исломӣ бозгарданд
    Пажуҳишгари баҳрайнӣ : Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) “ эътимод ба нафас “ро ба уммати исломӣ бозгарданд

Андешманд ва пажуҳишгари баҳрайнӣ гуфт , Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) эътимод ба нафас , иззату бовар ба тавоноии муқобила бо зулмро ба уммати исломӣ бозгардонданд.

«Рошид Алрошид » андешманду пажӯҳишгари баҳрайнӣ дар гуфтугў бо Ирно афзӯд , Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) ба як шахсияти илҳомбахш барои ҳамаи озодагон , шарофатмандон ва маҳрумон табдил шудааст .

Андешманд ва пажӯҳишгари баҳрайнӣ тасреҳ кард , Имоми Хумайнӣ бо талоши хастагии нопзир пайваста , уммати исломиро ба таслим нашудан дар баробари зулму ситам раҳбарӣ кард .

Алрошд афзӯд , пирӯзии Инқилоби исломӣ осори муҳимме дар ҳамаи заминаҳо ба вижа дар заминаи бедории исломӣ ва бозгардондани эътимод ба нафас , дин , арзишҳо ва исломро ба унвони сабку фарҳанги зиндагӣ барҷоӣ гузошт .

Андешманди баҳрайнӣ гуфт , Инқилоби исломии Эрони таъсири сарнавиштсозӣ дар расво карда вауифшои иддаоҳои дуруғини ҷомеъаи ҷаҳонӣ монанди иддаои ҳимоят аз демокросӣ , озодӣ ва истиқлоли миллатҳо дошт ва ниқоб аз чеҳраи воқеии дурӯғгӯён бардошт ва нишон дод ҳамаи ин ановин , иддаоҳои пуч ва беасос аст .

Душанбеи 14 хурдод ( 3 июн ) мусодиф бо сиву панҷумин солгарди риҳлати ҳазрати Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) Раҳбари кабири Инқилоб исломӣ аст .

Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) солҳо пеш аз пирӯзии Инқилоби исломӣ дар феврали 1979 зидди салтанати мустабиди паҳлавӣ , режими ишғолгари Исроил ва мавозиъи истикбори ҷаҳонӣ ба раҳбарии шайтони бузург Амрико , мавозиъи равшангаронаи худро эълом карданд ки бо истиқболи аҳоди мардуми Эрон ва ҳамчунин таъаҷҷуби ҷаҳониён рӯбарӯ шуд .

Барчасп