Май 27, 2023 09:49 Asia/Dushanbe
  • Озодии Асадуллоҳи Асадӣ-дипломати боздоштшудаи Эрон дар Белгия

Асадуллоҳи Асадӣ-дипломати боздоштшудаи Эрон дар Белгия рӯзи гузашта вориди Теҳрон шуд .

Асадуллоҳи Асадӣ-
дипломати эронӣ июли 2018 дар иёлати Баварияи Олмон дар ҳангоми бозгашт ба иқоматгоҳаш дар Вена бо вуҷӯди доро будани масӯнияти сиёсӣ ба иттиҳоми барномарезӣ ҷиҳати ҳамла ба гирдиҳамои гурӯҳаки террористии мунофиқин дар Олмон ба таври ғайриқонӯнӣ боздошт шуд . Вай баъд аз гузашти 101 рӯз аз боздошташ бо ҳукми ғайриқонӯнии додгоҳи Олмон дар октябри 2018 ба Белгия мунтақил шуд .
Пас аз интиқол додгоҳи Белгия бархилофи масӯнияти диплумотики Асадӣ баробари Конвенсияи 1961 Вена ، вайро ба сӯрати ғайриқонӯнӣ ба бист соли ҳабс маҳкӯм кард .
Пас аз гузашти ҳудӯди 5 сол вазорати умури хориҷаи Уммон рӯзи ҷумъа бо интишори баёнияе эълом кард, ки Уммон муваффақ ба миёнҷигарӣ байни Белгияву Эрон барои ҳалли масаълаи шаҳрвандони зиндонӣ шуд ; афроде ки аз сӯи Теҳрону Брюссел озод шуданд, имрӯз ба Масқат мунтақил хоҳанд шуд .
Бинобар гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон ( ИСНА ) ; асри рӯзи ҷумъа низ ҳавопаймои ҳомили дипломати эронӣ вориди фурудгоҳи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар Теҳрон шуд .
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири хориҷаи Эрон низ бо эъломи хабари озодии дипломати эронӣ дар тветте навишт : Аз талошҳои мусбати салтанати Уммон дар ин масир ташаккур мекунам.

 

Барчасп