Май 27, 2023 17:14 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Такрори иддаоҳои беасоси Украина бо ҳадафи ҷалби бештари кумакҳои таслеҳотӣ ва молии Ғарб аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, дар вокуниш ба иддаоҳои зиддиэронии раисиҷумҳури Украина таъкид кард, такрори иддаоҳои воҳии Украина, бо ҳадафи ҷалби бештари кумакҳои таслеҳотӣ ва молии Ғарб аст.

Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷа гуфт, такрори иддаоҳои воҳии Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина алайҳи Эрон, ҳамнавозӣ бо ҷанги таблиғӣ ва расонаии меҳвари зиддиэронӣ алайҳи давлату миллати Эрон аст ва бо ҳадафи ҷалби бештари кумакҳои таслеҳотӣ ва молии кишварҳои ғарбӣ сӯрат мегирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Канъонӣ изҳороти раисиҷумҳурии Украина алайҳи Эронро фарофиканӣ ба манзури инҳирофи афкори умумӣ ва намоиши сиёсӣ тавъам бо иддаоҳои беасос тавсиф кард ва онро беарзиш донист.

Вай афзуд, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора эълом карда, ки мухолифи ҷанги Украина ва истимрор он аст ва аз дарду ранҷи мардуми Украина бисёр муттаассиф аст ва бар зарурати ёфтани роҳкоре сиёсӣ барои поён бахшидан ба он дар сареътарин замони мумкин таъкид дорад ва омодааст барои таҳаққуқи он мусоидат кунад.

Канъонӣ бо таъкид бар инки иддаоҳо ва намоишҳои сиёсӣ алайҳи Эрон, воқеиятҳои ҷанги Украинаро тағйир намедиҳад, ба омодагии Эрон барои идомаи музокироти коршиносӣ бо Украина ишора карду афзуд, тафра рафтани тарафи украинӣ аз музокироти коршиносӣ бо тарафи эронӣ ба манзури баррасии иддаоҳо, таъйиди бепоя будан онҳо ва вуҷӯди аҳдофу ангезаҳои хоси сиёсӣ дар вароӣ ин гуна иттиҳомзаниҳо алайҳи Эрон аст.