Май 28, 2023 10:12 Asia/Dushanbe
  • Муовини сиёсии дафтари ақидати сиёсии фармондеҳи кулли қувво: Эрон дониши дифоъи худро ба рухи ҷаҳониён мекашад
    Муовини сиёсии дафтари ақидати сиёсии фармондеҳи кулли қувво: Эрон дониши дифоъи худро ба рухи ҷаҳониён мекашад

Муовини сиёсии дафтари ақидати сиёсии фармондеҳи кулли қувои Эрон сохти таслиҳоти ҷадид ва озмоиши онро ҳосили дастранҷи мутахассисони саъати дифоъи Ҷумҳурии Исломии Эрон донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон генерал Расули Саноеърод муовини сиёсии дафтари ақидати сиёсии фармондеҳи кулли қувои Эрон пешрафти Эрон дар сохти таслиҳоти роҳбурдиро муғоир бо инҳисори кишварҳои ғарби донист ва афзуд: Эрон маҷбур нахоҳад буд бо таҳдид ва фишор мутолиботи нобаҷои кишварҳои ғарбиро иҷобат кунад.

Генерал Саноеърод бо баёни ин ки Эрон то қабл аз Ҷумҳурии Исломӣ ҳеҷгоҳ оғозкунандаи ҳеҷ ҷанги набуда аст таслиҳоти кунуниро аз илзомоти дифоъи донисту гуфт: Мавозеъи ғарб аз сари хайрхоҳи ва дағдағаманди нест чаро, ки онҳо дар пайи ҳифзи инҳисори худ ҳастанд.

Мовини сиёсии дафтари ақидати сиёсии фармондеҳи кулли қувои Эрон ҳамчунин бо ишора ба одати кишварҳои ғарби ба инҳисоргари бо вуҷуди шиъорҳои фарояндаи либеролизм гуфт: Собиқаи ҳимояти кишварҳои ғарби аз Садом дектатори маъдумии Ироқ дар ҷанги таҳмили зидди Эрон бахши аз ҳофизаи таърихии мардум мо аст.

Ҳамзамон бо севуми хурдор солрузи озодсозии Хурамшаҳр мушаки Хурамшаҳри 4 ё Хайбар ҷадидтарин маҳсули мушакии созмони саноеъи ҳавофазои Вазорати дифоъи Эрон рунамои шуд.

Барчасп